Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
ФАРЗАНДОНИ АҲМАДИ ДОНИШ КАЙ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯНД?
Дар Ҷумҳурии Арабии Миср хонаводаи машҳуре бо насаби “Дониш” зиндагӣ мекунад, ки худро тоҷик ва аз насли Хоҷа Аҳмади Дониши Бухороӣ медонад. Сафири Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода 9-уми апрели соли 2025 бо яке аз намояндагони маъруфи ин хонадон Одил Дониш мулоқот орост. Одил Дониш (с.т. 1949) писари Рашод Дониш (1909-1997), писари Муҳаммад Дониш (1880-1947), писари Аҳмад Махдуми Дониш (1827 1897) мебошад. Вай ва бародараш Шариф Дониш дар гузашта ҳам бо намояндагони Тоҷикистон дар Миср мулоқот карда буданд ва миёни ин хонадон ва Сафорати Тоҷикистон иртибот вуҷуд дошт. Одил Дониш пажӯҳишгари Маркази илмии IBM-и Париж буда, ҳамзамон дар Миср раиси ширкати Рустоҳои ҳушманд (Smart Villages Company) ва раиси Шурои мудирони ширкати “Silicon WAHA” бо 8000 ҷойи корӣ мебошад. Ин ширкат бо давлати Миср дар самти рақамикунонӣ ва технологияи иттилоотӣ-IT ҳамкорӣ мекунад. Одил Дониш дар бораи худ ва дигар хешовандонаш, инчунин, чигунагии пайванди онҳо бо мутафаккири барҷастаи тоҷик Аҳмади Дониш маълумоти муфассал дода, иброз дошт, ки худаш ва ҳамаи пайвандонаш дар дохили Миср ва хориҷ аз он орзуи дидани Тоҷикистон ва Бухороро доранд. Вай илова намуд, ки ҳадафи ӯву пайвандонаш аз иддаои мансубият ба Аҳмади Дониш ҳаргиз ба даст овардани молу сарват ё шуҳрату мақом нест, балки мехоҳанд худро тоҷик ва аз насли як тоҷики барҷастаи асри ХIХ муаррифӣ карда тавонанд. Сафири Тоҷикистон зимни қадрдонӣ аз Одил Дониш барои таваҷҷуҳ ба решаҳои тоҷикии худ, сиёсати кишварамонро дар соҳаи таъриху фарҳанг муфассал шарҳ дод. Таъкид шуд, ки ҷойгоҳи Аҳмади Дониш дар таърихи халқи тоҷик ва аҳаммияти осори илмӣ ва адабии ӯ дар замони муосир ниҳоят бузург аст ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи гиромидошти бузургони гузаштаи миллат ва эҳёи ёду хотираи онҳо, махсусан ислоҳотхоҳ ва маорифпарвари бузург Аҳмади Дониш, таваҷҷуҳи махсус доранд. Ба таваҷҷуҳи О. Дониш расонида шуд, ки соли 2017 дар Душанбе ба муносибати 190-солагии Аҳмади Дониш Конфронси байналмилалии илмӣ баргузор гардид. Дар пойтахти кишвар бо иштироки Пешвои миллат Боғи нави Аҳмади Дониш ифтитоҳ карда шуда, яке аз пажуҳишгоҳҳои Тоҷикистон ва яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе номи ӯро доранд. Муҳимтарин китобҳои Аҳмади Дониш дар Тоҷикистон дар солҳои гуногун ба табъ расида, роҷеъ ба Аҳмади Дониш ва осори илмиву адабии ӯ таҳқиқоти зиёди илмӣ ва як филми бадеӣ таҳия шудааст. Дар идомаи суҳбат Одил Дониш доир ба мансубияти хонадонаш ба аллома Аҳмади Дониш чанд далел пеш овард, ки лоиқи таваҷҷуҳанд. Аз ҷумла: 1. Тибқи гуфтаи Одил Дониш, Хоҷа Аҳмади Дониш дар байни солҳои 1874-1885 пас аз бозгашт аз сафари Ҳаҷ ба муддати 3 ё 5 сол дар Миср ва дар шаҳри Танто (100-километрии шимоли Қоҳира) умр ба сар бурда, бо зани мисрие издивоҷ кардааст.
Вай сипас, ин кишварро тарк карда, бе ҳамсару фарзандонаш ба Бухоро бармегардад. Аз издивоҷи Хоҷа Аҳмади Дониш ва зани мисриаш се писар – Муҳаммад, Абдурраҳмон ва Маҳмуд ба дунё меоянд. Мусоҳиби мо Одил ва бародараш Шариф наберагони писари якуми Хоҷа Аҳмади Дониш – Муҳаммад ҳастанд. Ҳамсару фарзандони Хоҷа Аҳмади Дониш дар шаҳри Танто зиндагӣ намуда, дар он шаҳр такя ё хонақоҳи хонаводагии худро таъсис медиҳанд. Бухороиёне, ки роҳашон ба тарафи Макка дар он солҳо аз Миср мегузашт (ба сабаби ноамн шудани роҳи маъмулии Эрону Ироқ), одатан, дар он такя таваққуф мекарданд. Одил Дониш ёдовар шуд, ки дар хонаводаи онҳо дар гузашта пухтани таомҳои ғайримисрӣ, ба монанди лағмон ва палав маъмул буд, ки ба бухороӣ будани бобобузурги онҳо далолат мекунад ва ин гуна таомҳо то имрӯз дар хонадони онҳо роиҷанд. 2. Одил Дониш акси бобояш Муҳаммади Дониш (писари Аҳмади Дониш)-ро дар даст дорад. Дар ҳақиқат байни акси Муҳаммади Дониш ва акси машҳури Аҳмади Дониш, ки дар байни ду нафар аз дарбориёни амири Бухоро ва як нафар афсари рус ҳангоми сафар ба Санкт-Петербург тасвир ёфтааст, шабоҳат вуҷуд дорад.
3. Одил Дониш ҳамчунин, нусхаи Қуръоне дорад, ки мегӯяд, бо дасти худи Аҳмади Дониш навишта шуда аст. Дар зиндагиномаи Аҳмади Дониш ҳам омадааст, ки яке аз роҳҳои касби даромади ӯ аз овони ҷавонӣ то охири умр хаттотию хушнависӣ буд. Эҳтимолан ин шуғлро дар Миср ҳам давом додааст. “Ӯ... баёзҳои хушхат навишта ва онҳоро бо лавҳу ҷадвали зебо зинат дода..., фурӯхта, таъмини маишат мекардааст” (С. Айнӣ, Ёддоштҳо, қисми 3, саҳ. 284). 4. Ба гуфтаи Одил Дониш, дар байни хонадони Донишҳо дар Миср аҳли илму ҳунар бисёр аст ва алоқаи онҳо ба илм ирсӣ буда, ба сарсулолаи онҳо – Хоҷа Аҳмади Дониш бармегардад. Худи Одил Дониш хатмкардаи Донишгоҳи Қоҳира ва Париж дар соҳаи IBM ва бародараш Шариф Дониш хатмкардаи Донишгоҳҳои Фаронса ва Амрико дар соҳаи техникӣ мебошанд. Ҳамаи фарзандони ин ду нафар ҳам дорои таҳсилоти олӣ дар дохилу хориҷ ва ҷойгоҳи илмию тиҷоратианд. Як набераи Хоҷа Аҳмади Дониш – Рашод Дониш (падари мусоҳиби мо Одил Дониш) солҳои зиёд ҳамчун низомӣ ва дипломат фаъолият намуда, аз ҷумла, фармондори Миср дар Ғазза ва сафири Миср дар Малайзия ва Юнон будааст. Вай соли 1997 аз олам даргузаштааст. Духтарони Одил Дониш яке бо номи Даля мутахассиси бахши бемориҳои асаб дар Қоҳира, хатмкардаи Донишгоҳи Кембриҷи Британия буда, дигаре бо номи Дина – рассом, дар Амстердам кору зиндагӣ дорад. 5. Мусоҳиби мо санаде аз соли 1931 аз Вазорати корҳои дохилии Миср дар даст дорад, ки тибқи он ба Муҳаммади Дониш – писари Аҳмади Дониш иҷозати гирифтани шаҳрвандии Миср ва ба писари ӯ Рашод Дониш (падари меҳмони мо Одил Дониш) шаҳодатномаи таваллуд дода шудааст. Тавре мебинем, ба писари Аҳмади Дониш Муҳаммад Дониш (1880-1948) танҳо дар соли 1931 аз тарафи ҳукумати Миср санади дарёфти шаҳрвандӣ дода шудааст. То он вақт ба онҳо гуфта мешудааст, ки азбаски падарашон бухороист, бояд барои гирифтани шиноснома аз Бухоро санад дошта бошанд. 6. Медонем, ки Аҳмади Дониш дар забони худ лакнат дошт, ки устод Айнӣ дар ин хусус гуфтааст: “... забони ӯ андак лакнат дошт, ки ҳарфҳои аввали калимаҳоро такрор карда мегуфт” (С. Айнӣ, Ёддоштҳо, қисмҳои 2 ва 3, саҳ. 175 ва саҳ. 284). Ба гуфтаи Одил Дониш, чунин лакнати забон дар бобояшон Муҳаммад низ вуҷуд доштааст. 7. Бародари Одил Дониш Шариф Дониш (с.т. 1946) соли 2019 дар Амрико барои муайян кардани сулолаи авлодиаш озмоиши ДНК супоридааст. Натиҷаи озмоиш 4 дарсад мансубияти мисрӣ ва 20 дарсад мансубияти осиёии ӯро кашф кардааст. 8. Ба гуфтаи Одил Дониш, модарбузургаш, яъне ҳамсари мисрии аллома Аҳмади Дониш то охири умр аз шавҳараш бо номи Хоҷа Аҳмад ёд мекардааст. Ба гуфтаҳои Одил Дониш метавонем илова кунем, ки тавре дар зиндагиномаи Аҳмади Дониш омадааст, вай солҳои 1870-1873 «Рисола дар назми тамаддун ва таовун (ҳамкорӣ)»-ро таълиф намуда, ба амири Бухоро Музаффархон пешниҳод кард, ки дар назди аморати Бухоро “Машваратхона” ба монанди парлумон дар кишварҳои аврупоӣ бо ҳузури намояндагони ҳамаи минтақаҳо ва инчунин, Девони вазирон иборат аз вазирони ҳар соҳа ташкил карда шавад. Амир Музаффархон ва атрофиёни наздикаш ин ислоҳотро маҳдудкунии салоҳиятҳои амир дониста, рад карданд ва ақидаҳои Аҳмади Донишро мухолифи ҳокимияти амир ва ақидаҳои шариат қаламдод намуданд. Дар идомаи ин хусуматҳо, Музаффархон Аҳмади Донишро соли 1874 пас аз бозгашт аз сафари сеюми Петербург (ки бо супориши амир барои беҳтар кардани робитаҳои харобшуда бо Русияи Подшоҳӣ рафта буд), аз Бухоро дур карда, дар ноҳияҳои дурдаст дар мансаби қозигӣ гузошт. Ҳамин тариқ, Аҳмади Дониш танҳо соли 1885, яъне дар давраи ҳукмронии писари Музаффархон – Абдулаҳадхон ва бо даъвати амири нав дубора ба Бухоро баргашт. Дар ин 11 сол (1874-1885) мо ҳузури ӯро дар дарбори амир намебинем. Ин давраро муаррихон давраи ба ғазаби амир дучор шудан ва аз Бухоро дур шудани Аҳмади Дониш медонанд. Эҳтимол меравад, ки дар ҳамин давра ӯ ба Миср сафар ва чанд соле иқомат карда бошад. Ин фарзияро нақли абераи Аҳмади Дониш ва соли таваллуди писари Аҳмади Дониш Муҳаммади Дониш (с.1880) низ тақвият мебахшад. Сабаби дигари дар Миср муддате иқомат кардани Аҳмади Дониш метавонад он бошад, ки нимаи дуюми асри XIX дар Миср раванди модернизатсия ва навсозӣ босуръат ҷараён дошт: рӯзномаву маҷаллаҳои зиёде чоп мешуданд (зимнан, рӯзномаи форсизабони “Ҳублулматин” тавассути маорифпарварони эронитабор дар Миср чоп шуда, дар Эрону Афғонистон ва Аморати Бухоро паҳн карда мешуд), инчунин, дар Миср китобҳои муҳим аз забонҳои аврупоӣ ба забони арабӣ тарҷума ва нашр мешуданд, театру намоишномаҳо аллакай роҳи худро аз Аврупо ба Миср кушода буданд, дар адабиёти араб раванде бо номи “ренессанси адабӣ” аз нимаҳои асри XIX оғоз шуда, босуръат ҷаҳони араб ва исломро фаро мегирифт. Хулоса, Миср дар он даврон маркази рушди андешаҳои наву маорифпарварона ва макони рафтуомади шарқиёну ғарбиён, мусулмонону масеҳиён шуда буд. Чунин муҳит наметавонист таваҷҷуҳи Аҳмади Донишро ба худ ҷалб накунад. Дар китоби “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш дар боби “Ҳикояти Ҳоҷӣ ва манофеи сафар...” Миср чунон тасвир ёфтааст, ки агар нависанда ба он кишвар сафар ва он ҷо зиндагӣ накарда бошад, аз чунин тасвир оҷиз мемонад. Муаллиф метавонад бо сабабҳои гуногун (аз ҷумла, бе иҷозати амири Бухор ба Миср сафар кардан) худро ошкор насозад ва аз номи шахси сеюм дар бораи худ қисса кунад ё дар симои қаҳрамони асар худро тасвир кунад. Дар ин маврид худи Аҳмади Дониш ҳам кинояе намудааст, ки “магар ту худ дар он сафар (яъне, дар Миср) ҳозир будаӣ ё аз забони ноқили биайниҳӣ шунудаӣ?” (Наводир-ул-вақоеъ, ҷилди 1, саҳ. 216). Ҳамчунин, дар боби “Дар ҳикояти фаромӯшхона ва баёни қурби соат” муаллиф аз забони соҳибхона хусусиятҳои “фаромӯшхона”-ро чунон тасвир мекунад, ки ин гуна тасвир аз дасти як мизбони одӣ барнамеояд. Дар идома ҷаҳонбинии васеъ надоштан, дунёдида набудан ва аз ин сабаб тангназару мағрур будани ба истилоҳ “доноён”-ро дар Бухоро ба боди интиқод мегирад, ки ин ба шеваи нигориши худи Аҳмади Дониш монанд аст. Дар ин боб Аҳмади Дониш аз забони ҳамон ноқил ба як нуктаи барои он замон аҷиб ишора мекунад. Ӯ мегӯяд: “Фарангиён дар фикри парвоз ҳастанд ва асбобе сохтаанд, ки 60 фарсах бо он парвоз мекунанд...” (Наводир ул-вақоеъ, ҷилди 1, саҳ. 200). Аз ин хотир, баъзе муҳаққиқон (аз ҷумла, марҳум Абдулғанӣ Мирзоев) бар ин боваранд, ки инҳо саргузашт ва андешаҳои худи Аҳмади Донишанд, ки аз забони шахси сеюм оварда шудаанд.
Як мавзуи муҳим дар ин замина макони дақиқи оромгоҳи Аҳмади Дониш дар Бухоро аст, ки хонадони мисриаш муштоқона орзуи зиёрати онро дорад. То ҳамин наздикиҳо мадфани ин алломаи бузург барои муштоқони афкораш номаълум буд. Соли 2018 донишманди тоҷик профессор Аскаралӣ Раҷабов пас аз таҳқиқоти зиёд ва сафар ба Бухоро қабри Аҳмади Донишро пайдо намуд. Ба гуфтаи Аскаралӣ Раҷабов, Аҳмади Дониш соли 1897 дар қабристони “Дахмаи биҳиштиён”-и Бухоро мадфун шуда буд. Соли 1955 устухонҳои Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва Калободии Бухороӣ ба масҷиди Хоҷа Исмати Бухороӣ дар назди Девори Бухоро интиқол ва дар саҳни ин масҷид ба хок супурда шуданд. Устод Аскаралӣ Раҷабов ҳамон сол сурати ин қабрҳоро дар чанд рӯзнома ва сомонаи АМИТ “Ховар” чоп карда буд. Хушбахтона, моҳи октябри соли 2025 ҳайате ба шумули намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Аскаралӣ Раҷабов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ Рустам Азимов ва намояндаи Сафорати кишварамон дар Миср, номзади илмҳои филологӣ Абдуғаффор Камолзода ба шаҳрҳои Қоҳира, Искандария ва Танто сафар намуда, баррасии ин мавзуъро идома доданд. Ин ҳайат бо иддае аз олимони мисрӣ, ки дар заминаи таърих ва адабиёти форсӣ ва масоили вобаста ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ таҳқиқот доранд, инчунин, бо 25 нафар аз намояндагони хонадони Аҳмади Дониш, ки аз Миср, Фаронса, Италия, Ҳоланд ва Швейтсария бар асоси ҳамоҳангиҳои қаблӣ дар Қоҳира гирди ҳам омада буданд, мулоқот намуд. Ҳамаи онҳо фаъолони арсаҳои мухталиф ва донишмандон (бештар дар соҳаи IT-технология) буда, худро тоҷик ва аз насли Аҳмади Дониш меҳисобанд, гарчи, мутаассифона, забони тоҷикиро намедонанд. Ҳайати Тоҷикистон дар Қоҳира бо адвокати хонадони Аҳмади Дониш бону Ёсамин Мустафо, ки солҳо боз ба баррасии гузаштагони ин хонадон машғул аст, мулоқот намуд. Ба гуфтаи ӯ, дар парвандаи писари Аҳмади Дониш Муҳаммади Дониш, ки соли 1931 шаҳрвандии Мисрро дарёфт кардааст, навишта шудааст, ки “аслаш русӣ-туркистонӣ аст”. Ин парвандаро номбурда бо чашмони худ дар бойгонии Идораи шиносномадиҳии Мисри куҳна дидааст. Таври маълум, баъзе олимон ва таърихшиносони рус минтақаи Осиёи Миёнаро Туркистон мехонданд. Аз ин лиҳоз, ибораи “русӣ-туркистонӣ” дар парвандаи Муҳамммади Дониш ишора ба бухороӣ ва осиёимиёнагӣ будани падари ӯ дорад. Талошҳо барои дастрасии комил ба парванда дар бойгонии Идораи шиносномадиҳии Вазорати корҳои дохилии Миср идома доранд. Бояд гуфт, қабри Муҳаммади Дониш дар шаҳри Танто воқеъ аст ва тибқи нақли масъулони қабристон, дар Идораи сабти даргузаштагони ин шаҳр навишта шудааст, ки қабри мазкур (ҳар қабр унвон дорад) марбут ба Муҳаммад ибни Аҳмади Дониши Бухороӣ мебошад. Онҳо ваъда доданд, ки ин санадро дар оянда дар дастраси Сафорат қарор хоҳанд дод. Ҳайати тоҷикистонӣ ҳамроҳ бо аберагони Аҳмади Дониш дар кӯчаи “Дарб-уз-зиъби”-и шаҳри Танто (100-километрии шимоли Қоҳира) қадам зада, аз манзиле, ки Муҳаммади Дониш ва эҳтимолан Аҳмади Дониш ҳам дар он зиндагӣ кардаанд, боздид намуд. Мардуми маҳал, махсусан пиронсолон ба Муҳаммади Дониш – тоҷири маъруфи либос мансуб будани ин манзилро тасдиқ намуданд. Тибқи нақли набераи Муҳаммади Дониш Одил Дониш, бобояш Муҳаммади Дониш тоҷири либос будааст ва дар дасти Одил Дониш рӯзномаи мисрии чопи соли 1946 мавҷуд аст, ки дар он Муҳамммади Дониш либосҳои истеҳсолнамуда ва аз хориҷ вориднамудаи худро барои харидорон таблиғ кардааст. Кӯчае, ки дар он Муҳаммади Дониш зиндагӣ кардааст, “Дарб-уз-зиъб” ном дорад. Калимаи “дарб” форсӣ аст, ки дар адабиёти Эрони асрҳои XVIII ва XIX зиёд ба чашм мехӯрад, ки ба маънои дарвоза, кӯча, ҷои ворид шудан ва ҷойи нигаҳбонишуда мебошад. Калимаи “зиъб” арабӣ буда, маънои гургро медиҳад. Ин, ки чаро ин кӯчаро “кӯчаи гург” гуфтаанд, ниёз ба таҳқиқи бештар дорад. Тарҳи кӯча ва сангфарш будани он ҳам кӯчаҳои Бухороро ба ёд меорад. Ҳамин тариқ, дар замоне ки миллатҳои дунё дар пайи ёфтани решаҳояшон дар ину он гӯшаи олам ва нишон додани бузургии худ ҳастанд, вуҷуди хонадони Аҳмади Дониш дар Миср, ки як хонадони маъруф аст, навиде дигар аз пайванди таърихӣ ва фарҳангии тоҷикону мисриҳо ба шумор меравад. Дар ҳоли ҳозир чанде аз намояндагони хонадони Аҳмади Дониш дар Миср ва Аврупову Амрико ҳамчун тоҷир, мутахассисони IT-технология, кормандони муассисаҳои илмӣ ва устодони донишгоҳҳо фаъолият мекунанд. Иртиботи ҳарчи бештари ин хонадон бо Тоҷикистон, даъвати онҳо ба чорабиниҳои бузург дар кишварамон, додани бурсияи таҳсилӣ ба чанде аз ҷавонони онҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо ин хонадон таъсис додани Маркази тарҷума ва нашри осори Аҳмади Дониш дар Тоҷикистону Миср ва дигар чорабиниҳои муштарак, агар аз як тараф, иҷрои рисолати таърихию фарҳангӣ бошад, аз тарафи дигар, боиси боз ҳам шинохти бештари Тоҷикистон дар ҷомеаи Миср ва умуман дар олами араб хоҳад шуд.
Парвиз МИРЗОЗОДА, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб,
Абдуғаффор КАМОЛЗОДА, мушовири Сафорат
Бознашр аз рӯзномаи "Адабиёт ва санъат"
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”