Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
"Камбэк"-и Бразилия ва шикасти ҳангомавии Олмон
Дар даври 1/16 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахабҳои Бразилия-Ҷопон ва Олмон-Парагвай рақобат карданд.
Дар бозии Бразилия ва Ҷопон ҳисоби бозиро ҷопониҳо кушоданд ва дар 45 дақиқаи аввал футболбозони бразилӣ коре карда натавонистанд. Мухлисони тими миллии Ҷопон ба пирӯзӣ боварии зиёд доштанд, вале дар 45 дақиқаи дуюм футболбозони бразилӣ ду гол ба дарвозаи Ҷопон ворид карданд.
Ҳамин тавр, тими миллии Бразилия бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуд ва ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқаи мазкур роҳ ёфт.
Ҳамчунин, имрӯз мунтахабҳои Олмон ва Парагвай вохӯрданд. Агарчи аксар ба ғалабаи тими миллии Олмон бовар доштанд, вале Парагвай ғолиб шуд.
Вақти асосӣ ва иловагии бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Дар силсилаи зарбаҳои 11-метра Олмон бо ҳисоби 3:4 мағлуб шуд ва аз идомаи рақобат маҳрум гардид. Парагвай дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо мунтахаби Фаронса ё Шветсия рақобат мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”