Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кремл: Мавқеи Русия дар бораи Украина тағйир накардааст
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, гуфтааст, ки мавқеи Русия дар бораи ҷанги Украина тағйир накардааст ва ҳамчунон бар ҳамон усуле устувор аст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ду сол пеш эълом карда буд.
Песков рӯзи 29-уми июн, дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки ин мавқеъ барои мақомҳои Украина ва музокиракунандагони амрикоӣ рӯшан аст ва ҳамчунон бидуни тағйир боқӣ мондааст.
Ӯ афзудааст, ки каналҳои мавҷуд барои гуфтугӯ дар бораи Украина бояд маҳрамона боқӣ бимонанд, то раванди музокирот ба гунаи муассир идома ёбад.
Сухангӯи Кремл ҳамчунин, эълом кардааст, ки Путин ва Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус, дар як дидори ғайрирасмӣ дар бораи ҷанги Украина, ҳамкориҳои дуҷониба, амнияти минтақаӣ ва равобити иқтисодӣ гуфтугӯ кардаанд.
Ба гуфтаи Песков, Лукашенко дар ин дидор ҳеч паёме аз сӯи Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, ба Путин мунтақил накардааст.
Ӯ ҳамчунин, муддаӣ шудааст, ки неруҳои Русия дар саросари хатти муқаддам ба пешравии худ идома медиҳанд ва ин раванд нишон медиҳад, ки Маскав дар масири дастёбӣ ба ҳадафҳои худ дар ҷанги Украина қарор дорад.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ҷанги Украина идома дорад, аммо то кунун пешрафти чашмгире дар музокирот миёни ду тараф ҳосил нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”