Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза дастикам ҳашт кушта бар ҷой гузошт
Ҳамлаҳои Исроил ба ҷануб ва маркази Навори Ғазза дастикам ҳашт фаластинӣ, аз ҷумла ду кӯдакро кушта ва 20 тани дигарро захмӣ кардааст.
Мақомҳои тандурустӣ ва неруҳои кумакрасони Ғазза шаби душанбе, 29-уми июн, гузориш додаанд, ки дар яке аз ин ҳамлаҳо як паҳподи исроилӣ ҷамъомади ғайринизомиёнро ҳадаф қарор дод, ки дар натиҷаи он се нафар, аз ҷумла як кӯдаки ҳаштсола, кушта шуданд.
Созмони дифои мадании Ғазза низ эълом кардааст, ки дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба як хайма дар шаҳри Хон Юнус ду нафар ҷон бохтаанд.
Ҳамчунин, масъулони Шифохонаи Носир гузориш додаанд, ки дар ҳамлае ба минтақаи Ал-Мавосӣ дар ҷануби Ғазза як зани 23-сола ва духтари яксолаи ӯ кушта шудаанд.
Ин ҳамлаҳо дар ҳоле идома доранд, ки амалиёти низомии Исроил дар Навори Ғазза ҳамчунон ҷараён дорад ва бар асоси гузориши ниҳодҳои кумакрасон, шумори қурбониён ва захмиҳои ғайринизомӣ дар Навори Ғазза ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”