Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон дархости дидор бо Амрикоро рад кард
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дархости ин кишвар барои баргузории дидор бо Амрикоро рад карда ва гуфтааст, ки Теҳрон чунин дархостеро матраҳ накардааст.
Расонаҳои Эрон шаби душанбе, 29-уми июн, ба нақл аз Бақоӣ гузориш додаанд, ки Эрон нисбат ба шакли иҷро ва кундии иҷрои бархе аз ҷанбаҳои тавофуқ, аз ҷумла моддаи 10, марбут ба лағви таҳримҳои Амрико бар содироти нафти Эрон, эътироз дорад.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, Теҳрон ҳамчунон хоҳони гуфтугӯ бо Қатар ва Покистон дар бораи бархе мавзуъҳо, аз ҷумла тангаи Ҳурмуз, аст.
Ин мақоми эронӣ таъкид кардааст, ки Теҳрон дар ҳоли ҳозир дар бораи оғози музокироти ниҳоӣ бо Амрико гуфтугӯ намекунад.
Ин дар ҳолест, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, пештар муддаӣ шуда буд, ки Эрон дархости баргузории дидор бо мақомҳои амрикоиро матраҳ карда ва ин нишаст қарор аст рӯзи сешанбе дар Давҳа баргузор шавад: иддаое, ки акнун аз сӯйи Теҳрон рад шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”