Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Хуршед Атовулло: “Вақте ки дард меояд, менависӣ "
Китоби нави журналист ва нависандаи номошнои тоҷик Хуршед Атовулло бо номи "Блогер" нашр шуд. "Блогер" фарогири ҳашт қиссаи детективии Хуршед Атовулло аст, ки дар солҳои гуногун эҷод шуда, дар блоги шахсӣ ва саҳифаҳои рӯзнома интишор гардидаанд. Ба китоби мазкур профессор Иброҳим Усмонов сарсухан навиштаанд.
"Блогер" 27-умин қиссаи детективии Хуршед Атовулло аст. Он идомаи фаъолияти журналист Ҷамшеди Ҳабиб, генерал Азизов ва муфаттиш Амоновро дар бар мегирад. Ин навбат қаҳрамонҳои асосӣ марги блогердухтареро дар истироҳатгоҳе таҳқиқ мекунанд ва то охири асар ҷолибиятро нигоҳ доранд.
Dialog.tj дар пасманзари нашри китоби "Блогер" бо Хуршед Атовулло суҳбат кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.
- Устод, фикр мекунам, барои хонандаи доимии эҷоди шумо дар баробари қиссаҳои “Вақте дар ҳафткӯл осмон мегирист...”, Вақте Фемида ғулом мешавад...”, “Шабаҳе дар Яғноб”, “Рози Майхура” детективи “Блогер”-ро дидан, хеле аҷиб аст. Бигӯед, ки мавзуи мазкур чӣ хел пайдо шуд? Оё воқеият дорад?
- Дар умум, ҳодисаи воқеӣ аст. Дар ҳамон маконе, ки тасвир кардаам, дар солҳои охир се маротиба куштор шудааст ва ду бор бо иштироки касоне, ки худро блогер муаррифӣ кардаанд. Албатта, бевосита блогереро накуштаанд, тавре мегӯянд “дар адабиёт типпикунонии образ аст” ва ман ҳам дар қиссаи “Блогер” қаҳрамонҳоро чунин кардаам.
- Лутфан, бигӯед, ки чӣ гуна шуд, ки ба китоби “Блогер” профессор Иброҳим Усмонов сарсухан навиштанд?
- Аввал барои сарсухан навиштан ба устод Абдулҳамид Самад маслиҳат карда будам. Вале як рӯз бо устод Иброҳим Усмонов вохӯрӣ доштем ва он ҷо хоҳиш кардам, ки сарсухане нависанд. Чун медонистам, ки устод Иброҳим Усмонов аксари детективҳои маро хондаанд ва барояшон навиштани сарсухан хеле осон аст. Сипас, устод Абдулҳамид Самад таъкид карданд, ки вақте роман нависам, пешсухан менависанд.
- Дар қиссаи “Блогер” бо муфаттиш Амонов дар мавриди кори блогерон ва журналистон баҳс мекунед. Хеле баҳси тезу тунд. Оё инро як навъ дарди дил гуфтан мумкин аст?
- Бале, дарди дил буд. Дарде, ки мутаассифона, гулӯгирам кардааст. Бадбахтии мо, мушкили мо, камбудии мо дар соҳаи журналистикаи имрӯза ин аст, ки мо ҳанӯз ҳам дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” мафҳуми “блогер”-ро шарҳ надодаем. Дар қонуни мазкур ҳатто калимаи “сайт” нест. Ҷомеаи журналистӣ чандин маротиба бо ширкати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” ворид кардани тағйиру иловаҳо кӯшиш кард, вале аз ҷониби Маҷлиси намояндагон рад шуд. Ин мушкил то ҳол вуҷуд дорад ва бояд ҳал шавад. Бадбахтона, имрӯз блогероне, ки ба шаъну шарафи миллати тоҷик, мардуми тоҷик доғ меоранд, дар чаҳорчӯбаи қонуни мазкур ягон масъулият надоранд. Блогерон мушкилоти зиёд доранд ва вақте ки худро ҳамчун журналист муаррифӣ мекунанд, ба ҷомеаи журналистӣ сахт мерасад. Ҳоло мебинем, ки онҳоро ба чорабиниҳои ҳукуматӣ даъват мекунанд ва бовар мекунед, як ронандаи таксӣ ба ман гуфт, ки якеашро дар фазои маҷозӣ пайгирӣ мекунам ва дар чорабинии сатҳи баланд, ки доир ба ҳифзи пиряхҳо шуда буд, иштирок кардааст, вале дар куҷо будану чӣ кор карданашро намедонистааст. Ин бадбахтӣ аст.
- Шумо дар ютуб силсилаи мусоҳибаҳоро ба роҳ мондаед, оё қадам сӯи блогерӣ монда истодаед?
- Не, ин корро ман фаъолияти блогерӣ намедонам. Силсилаи мусоҳибаҳоро вақте оғоз кардам, ки моҷарои Эрон сар шуд ва ман аслан барномаҳои таҳлилӣ мекунам. Масалан, ба мавзуи суҳбатамон наздик ман ҳам бо устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода доир ба блогерон суҳбат доштам.
- Навиштани детектив, махсусан, дар асоси воқеаҳои реалӣ, хатарҳо ё нофаҳмиҳо низ дорад. Оё шудааст, ки қаҳрамонҳои асарҳоятон (ё прототипҳои онҳо) худро шинохта, вокуниш карда бошанд?
- Ман борҳо гуфтаам ва боз мегӯям, ки мавзуъҳои муҷароие, ки давоми фаъолиятам ҳамчун журналист ва роҳбари МТЖТ пайдо мешуданд, бо ҳар сабаб дар рӯзнома чоп карда наметавонистам. Сипас, ҳодисаҳоро дар қолаби детектив даровардам ва инак 27 қиссаи детективӣ навиштам. Дар оғози ҳар қисса чунин менависам: “Мувофиқ омадани далелу арқом бо зиндагиномаи шахсони воқеӣ тасодуфӣ аст. Сужаҳо бофтаи муаллиф ҳастанд”. Яъне ман ишора мекунам, ки навиштаҳои ман моли адабиётанд.
- Ҳангоми навиштани асари детективӣ сюжет ва муамморо чӣ гуна месозед? Оё аввал охири қиссаро фикр мекунед ва баъд ба ақиб бармегардед?
- Аксар вақт охири ҳодиса маълум аст ва сужа мувофиқ ба он навишта мешавад. Масалан, охири детективи “Блогер” бароям маълум буд, аммо он ҷо бевосита ҳодиса ба блогер рух надодааст. Яъне худи ҳодисаи куштор воқеӣ аст, аммо қисмати дигари асар маҳсули тахайюли нависанда мебошад.
- Дар ҳамаи детективҳоятон муфаттиш Амонов ва генерал Азизов иштирок мекунанд. Оё онҳо воқеӣ ҳастанд?
- Бале, онҳо шахсони воқеӣ ҳастанд ва дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият мекунанд. Дар навиштани баъзе ҷузъиёти асарҳо низ аз машваратҳои онҳо истифода мебарам. Ҳарчанд аз журналистон як навъ гурез доранд, вале азбаски бо ман дӯст ҳастанд, дар мавриди кушодани ҳодисаҳо ва умуман қиссаҳои детективиам маслиҳаташонро дареғ намедоранд.
- Навиштан кори хеле сангин аст. Заҳматест, ки эҷодкор бидуни танафус мекашад. Бигӯед, ки ҳавсалаву илҳоми эҷод аз куҷо меёбед?
- Ман ба илҳом бовар надорам, балки ба будани дард бовар дорам. Вақте ки дард меояд, менависӣ. Вақте ки дардро ҳис намекунӣ, дард намекашӣ, дард надорӣ, навишта наметавонӣ. Ва муҳим аст, ки дардро дар вақташ нависӣ, таъхир накунӣ.
- Таваҷҷуҳи хонандаи тоҷик ба жанри детектив чӣ гуна аст? Оё ин бозор метавонад нависандаро аз ҷиҳати молиявӣ таъмин кунад?
- Талабот ҳаст, таваҷҷуҳ ҳаст, вале ман то ҳол китобҳоямро нафурӯхтаам. Боре аз нашриёте пешниҳод шуд, ки 27 детективамро алоҳида-алоҳида нашр кунанд ва ба фурӯш бароранд, вале розӣ нашудам.
- Чаро?
- Намедонам, фикр мекунам, ҳоло ба чунин сатҳ нарасидаам.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”