Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Буҳрони энержӣ дар Аврупо: захираҳои газ ба камтарин сатҳ расид
Таъсисоти захираи гази Иттиҳоди Аврупо барои истифода дар моҳҳои сарди сол ба таври комил пур нашудаанд ва бо расидан ба камтарин сатҳ, ки дар 15 соли гузашта бесобиқа будааст, буҳронеро дар бахши энергетикии ин қитъаи олам рақам задааст.
Рӯзномаи “Файненшл Таймз” навишт: “Аврупо бо камтарин сатҳи захираи газ вориди фасли гармо шуд: мавзуе, ки таҳдидкунандаи афзоиши нархи ин маҳсулот барои соҳибони касбу кор ва хонаводаҳо дар зимистони пешорӯ аст”.
Бар асоси пешбинии ширкати машваратии “Wood Mackenzie”, интизор меравад таъсисоти захирасозии газ дар Иттиҳоди Аврупо фасли ҳаётии таҷдиди захираҳои газро, ки маъмулан аз моҳи апрел то октябр идома дорад, танҳо бо 76 дарсади зарфият ба поён расонанд. Тибқи иттилои ниҳоди Зерсохти гази Аврупо, ин омор поинтарин сатҳи авҷи захирасозии газ, дастикам аз соли 2011 то кунун хоҳад буд.
Камтарин сатҳи захираҳои газ дар Иттиҳоди Аврупо ба дунболи қатъи интиқоли гази табиии моеъ аз тангаи Ҳурмуз ва коҳиши тавлид аз ҷониби Қатар ва Иморот дар натиҷаи ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида ва Исроил алайҳи Эрон ба вуҷуд омад.
Таъсисоти захирасозии Иттиҳоди Аврупо фасли таҷдиди захираҳоро танҳо бо 28 дарсади зарфияти худ, пас аз як зимистони сард оғоз карданд, ки барои ин давраи сол поинтар аз сатҳи маъмул маҳсуб мешавад.
Бар асоси гузориши Анҷумани аврупоии операторони зерсохторҳои газ, таъсисоти анбор ва захирасозии ин маҳсул акнун ба таври миёна 48 дарсад пур шудаанд.
Шохиси (индекси) гази Аврупо дар ҳоли ҳозир ҳудуди 40 евро барои ҳар мегаватт-соат аст, ки болотар аз пеш аз ҷанг алайҳи Эрон дар 28-уми феврал мебошад. Бо вуҷуди афзоиши қимати ин маҳсулот дар ҳафтаҳои нахусти ин ҷанг, ин шохис дар муқоиса бо ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022 поинтар будааст.
Таҷдиди захирасозии таъсисоти гази Аврупо дар моҳи апрел бо суръати кунд оғоз шуд, зеро нархи болотари газ ба ширкатҳо ангезаи камтаре барои ин кор медод. Комиссияи Аврупо рӯзи якшанбе эълом кард, ки сатҳҳои кунунии захираи газ нигаронии фаврӣ дар бораи амнияти энергетикиро эҷод намекунад.
Сухангӯи ин комиссия иддао кард, ки 80 дарсад захирасозӣ барои таъмини амни энергетика дар фасли зимистон кофӣ аст.
Комиссияи Аврупо ба аъзои худ тавсия кардааст, ки таъсисоти захирасозиро то 80 дарсад ва ё дастикам 75 дарсад пур кунанд, то фишор аз афзоиши нархҳоро коҳиш диҳанд.
Дан Йёргенсен, комиссари энергетикии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи ҷумъа гуфт: “Мо барои итминон аз омодагӣ барои вуруд ба зимистони оянда ба сатҳи болотаре ниёз дорем ва мехоҳем ба ин ҳадаф ба гунае даст ёбем, ки дар кӯтоҳмуддат ба афзоиши нарх сабаб нашавад”.
Иттиҳоди Аврупо қасд дорад воридоти гази табиии моеъ аз Русияро, ки дар ҳоли ҳозир 14 дарсади кулли воридоти ин маҳсулот дар Аврупоро ташкил медиҳад, коҳиш диҳад. Ин тасмим қарор аст аз аввали январ ниҳоӣ шавад, ки худ чашмандози коҳиши газ дар зимистони Аврупоро тақвият мекунад.
Ба гузориши расонаҳо бо вуҷуди талоши кишварҳои аврупоӣ барои коҳиши воридоти газ аз Русия, мудири Маркази Билбаои Испания ба тозагӣ ҳушдор дод, ки Брюссел бояд мамнуияти воридоти гази табиии моеъ аз Русия то соли 2027-ро ба таъхир андозад, ки бо хатари вобастагии шадид ба Иёлоти Муттаҳида рӯбарӯ хоҳад шуд. Иван Хименес ба таъхир андохтани тарҳи мамнуияти гази Русия барои Иттиҳоди Аврупоро хостор шуд.
Брюссел воридоти гази LNG-и Русияро ба далели буҳрони Ховари Миёна афзоиш додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”