Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Карзай: “Покистон аз бархӯрди дугона бо ифротгароӣ даст бардорад”
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, дар вокуниш ба ҳамлаҳои ҳавоии шаби гузаштаи Покистон ба Афғонистон, аз ин кишвар хостааст, ки аз “бархӯрди дугона бо ифротгароӣ” даст бардорад.
Ҳомид Карзай рӯзи душанбе, 29-уми июн дар саҳифаи “Х” навиштааст, ки ҳамлаҳои Покистон ба Афғонистон нақзи ҳокимияти миллии Афғонистон аст.
Карзай гуфтааст, ки ҳамлаҳои Покистонро бо шадидтарин алфоз маҳкум мекунад.
Ӯ афзудааст: “Манфиати Покистон дар ин аст, ки аз идомаи сиёсати ситезаҷӯӣ ва бархӯрди дугона бо ифротгароӣ даст бардошта, бо Афғонистон бар пояи усули ҳамсоягӣ ва равобити мутамаддинона вориди гуфтугӯ шавад”.
Гурӯҳи террористии Толибон омори талафоти ҳамлаҳои шаби гузаштаи Покистон ба Кунар, Пактиё ва Пактикоро 36 кушта ва 163 захмӣ эълом карда, иддао кардаанд, ки ҳамаи қурбониён афроди ғайринизомӣ ҳастанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”