Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба вилоятҳои гуногуни Афғонистонро тасдиқ карданд
Толибон ҳамлаҳои ҳавоии шаби гузаштаи артиши Покистон ба вилоятҳои Пактиё, Пактико ва Кунари Афғонистонро тасдиқ карда, онро “таҷовуз” хондаанд.
Ҳамидуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯи гурӯҳи террористии Толибон, рӯзи душанбе, 29-уми июн, дар саҳифаи “Х” навиштааст, ки шаби гузашта ноҳияи (вулусволии) Гиёни вилояти Пактико, ноҳияи Чакмани вилояти Пактиё ва ноҳияи Манугии вилояти Кунар аз ҷониби артиши Покистон бомбаборон шудаанд.
Муовини сухангӯи Толибон иддао кардааст, ки дар пайи ин ҳамлаҳои ҳавоӣ даҳҳо ғайринизомӣ, аз ҷумла занону кӯдакон, ҷони худро аз даст додаанд.
Фитрат ин ҳамлаҳоро “буздилона ва таҷовуз” хонда, онро маҳкум кардааст.
Вилоятҳои Пактико, Пактиё ва Кунари Афғонистон пеш аз ин ҳам аз ҷониби артиши Покистон ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифта буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”