Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Душанбе маросими ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Бинобар иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз, ки бори нахуст дар Осиёи Марказӣ аз 29-уми июн то 2-юми июл дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маросими тантанавии ниҳолшинонӣ баргузор шуд.
Манбаъ меафзояд, ки дар маросим раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, директори иҷроияи Фонди иқлими сабз Мафалда Дуарте, намояндагони ҷавонон, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок карданд.
“Маросими ниҳолшинонӣ дорои аҳамияти рамзӣ буда, ҳар як ниҳоли шинонидашуда ба яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонии иқлим бахшида шуд. Аз ҷумла, маблағгузории иқлим, ҳамкориҳо дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо, нигоҳдории гуногунии биологӣ, ҷалби ҷавонон ба амалҳои иқлимӣ, рушди инфрасохтори устувор, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар самтҳои афзалиятнок”, - афзудааст манбаъ.
Дар чорабинӣ ниҳолшинонии дастаҷамъона ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ва масъулияти муштарак ҷиҳати ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои наслҳои оянда арзёбӣ гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”