Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Вазорати тандурустии Лубнон: Беш аз 4 000 нафар дар ҳамлаҳои Исроил кушта шуданд
Вазорати тандурустии Лубнон эълом кардааст, ки аз замони азсаргирии даргириҳо дар 2-уми март, дастикам 4 ҳазору 247 тан дар ҳамлаҳои Исроил дар саросари ин кишвар кушта шудаанд.
“Ал-Ҷазира” рӯзи якшанбе, 28-уми июн, гузориш додааст, ки илова бар кушташудагон, 12 ҳазору 195 тани дигар низ дар ин ҳамлаҳо захмӣ шудаанд.
Ин омор дар ҳоле мунташир мешавад, ки даргириҳо миёни Исроил ва Лубнон ҳамчунон идома дорад ва ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба минтақаҳои гуногуни Лубнон мутаваққиф нашудааст.
Ҳамзамон, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, аз Иёлоти Муттаҳида хостааст, ки Исроилро барои таваққуфи ҳамлаҳо ба Лубнон ва иҷрои комили тафоҳумнома миёни Теҳрон ва Вашингтон таҳти фишор қарор диҳад.
Ироқчӣ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки иҷрои комили ин тафоҳумнома, аз ҷумла бандҳои марбут ба Лубнон, барои коҳиши танишҳо ва барқарории субот дар минтақа зарурӣ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад