Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Гутерриш: “Муҳофизат аз табиат як масъулияти қонунӣ ва ахлоқӣ аст”
Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, гуфтааст, ки муҳофизат аз табиат як масъулияти қонунӣ ва ахлоқӣ аст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои эҳёи он сармоягузорӣ кунад.
Гутерриш рӯзи якшанбе, 28-уми июн, дар “Х” навиштааст, ки табиат бузургтарин муттаҳиди башар дар ҳифзи тавозуни иқлимӣ, пуштибонӣ аз ҳаёт ва таъмини маишати миллионҳо инсон аст.
Ӯ афзудааст, ки сармоягузорӣ барои эҳёи табиат заминаро барои шукуфоии ҳамзамони инсон ва муҳити зист фароҳам мекунад ва ин масъулият бояд ба манзури ҳифзи манобеи табиӣ барои наслҳои оянда ба гунаи ҷиддӣ пайгирӣ шавад.
Созмони Милали Муттаҳид борҳо ҳушдор додааст, ки идомаи ҷангалзудоӣ, олӯдагӣ ва баҳрабардории беравия аз манобеи табиӣ метавонад паёмадҳои ҷиддӣ барои иқлим ва зиндагии инсонҳо дошта бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад