Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Созмони Милал: Аз солимӣ ва ҳуқуқи башар дар Афғонистон ҳимоя мекунем
Дафтари Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир бар уҳдадории худ барои ҳимоят аз солимӣ ва ҳуқуқи башар дар шароити осебпазири Афғонистон таъкид кардааст.
Ин созмон рӯзи ҷумъа, 26-уми июн дар саҳифаи худ дар шабакаи “Х” навиштааст, ки бо ҳимояти ниҳодҳои ҳамкор аз афроди истеъмолкунандаи маводи мухаддир тавассути ироаи хизматрасонии тандурстӣ ҳимоят мекунад.
Созмони Милал гуфтааст: “Дар Афғонистон барномаҳои Сандуқи ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа бо ироаи хадамоти асосии коҳиши зарар, аз ҷумла дармони ҷойгузини маводи афюнӣ (OST), аз афроди истеъмолкунандаи маводи мухаддирро табобат мекунанд”.
Гуфта мешавад, ки ин хадамот бо ҳадафи коҳиши паёмадҳои тандурустӣ ва иҷтимоии бархоста аз истеъмоли маводи мухаддир ва беҳтар намудани дастрасии афрод ба хадамоти дармонӣ ироа мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки истеъмоли маводи мухаддир яке аз чолишҳои ҷиддии тандурустӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон ба шумор меравад ва ҳазорон нафар бо нашъамандӣ ва паёмадҳои бархоста аз он дасту панҷа нарм мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”