Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тобистони сербориш. Агентии обуҳавошиносӣ аз омадани сел ва хокбориш ҳушдор дод
Бинобар иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 27-ум то 30-юми июн бо сабаби боришоти зиёд дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ дошта боқӣ мемонад.
Агентии обуҳавошиносӣ инчунин, иттилоъ медиҳад, ки 29-ум ва 30-юми июн дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби шидданокии вазиши шамол аз самти минтақаҳои ҷанубӣ ба амал омадани хокбориш пешгӯӣ мешавад.
“Дар натиҷаи хокбориш ва интиқоли чангу ғубор эҳтимолияти паст шудани сифати ҳавои атмосферӣ бо баланд шудани консентратсияи моддаҳои муаллақ (чангу ғубор), аз ҷумла заррачаҳои андозаашон то 10 мкр (PM₁₀) ва то 2,5 мкр (РМ₂) дар назар аст”, - афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”