27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
26.06.2026 16:06

Ҳушдори Русия ба Сеул дар бораи таҳрикоти низомӣ бо ИМА алайҳи Кореяи Шимолӣ

Вазорати корҳои хориҷаи Русия аз Кореяи Ҷанубӣ хостааст, ки аз идомаи фаъолиятҳои муштараки низомӣ бо Иёлоти Муттаҳида дар наздикии марзи Кореяи Шимолӣ худдорӣ кунад ва таъкид намудааст, ки чунин иқдомҳо боиси ташдиди танишҳо дар нимҷазираи Корея мешаванд.

Вазорати корҳои хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе пас аз дидори муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко бо сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Маскав Ли Сок Пэ, дар баёнияе изҳор доштааст, ки нигаронии ҷониби Русия аз идомаи тамринҳои муштараки низомии Сеул ва Вашингтон ба мақомоти Кореяи Ҷанубӣ расонида шудааст.

Дар ин баёния омадааст, ки идомаи чунин фаъолиятҳои низомӣ дар наздикии марзҳои Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея танҳо ба афзоиши танишҳо дар минтақа мусоидат карда, иқдоми таҳриккунанда арзёбӣ мешавад.

Вазорати корҳои хориҷаи Русия ҳамчунин, аз он изҳори таассуф кардааст, ки бо вуҷуди изҳори хоҳиши Сеул барои ба эътидол овардани равобит бо Маскав, Кореяи Ҷанубӣ ҳамоно аз мавқеъҳои зиддирусии кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, пуштибонӣ мекунад. Маскав аз Сеул даъват кардааст, ки аз сиёсати фишор ва таҳрим алайҳи Пхенян даст кашида, изҳороти худ дар бораи сулҳро бо иқдомҳои амалӣ ҳамоҳанг созад.

Ҳамзамон, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия, дар вокуниш ба баёнияи муштараки раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ изҳор доштааст, ки Маскав зарурате барои посух додан ба интиқодҳои беасос дар бораи ҳамкориҳои Русия ва Кореяи Шимолӣ намебинад.

Вай таъкид кардааст, ки ҳамкориҳои Маскав ва Пхенян мутобиқ ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ сурат гирифта, талошҳо барои бадном кардани ин равобит асоси воқеӣ надоранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.