Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Довталабони тоҷик имкон доранд ба Донишгоҳи федералии шимолӣ дохил шаванд
Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба иттилои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия таҳсил кардан мехоҳанд, мерасонад, ки имтиҳонҳои дохилшавии сайёр аз ҷониби намояндагони Донишгоҳи федералии шимолӣ (арктикӣ)-и ба номи М.В. Ломоносов (САФУ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Манбаъ зикр мекунад, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ барои қабули довталабон ба соли таҳсили 2026-2027 аз 30-юми июн то 3-юми июли соли равон дар шаҳри Душанбе ва аз аз 6-ум то 7-уми июл дар шаҳри Хуҷанд доир мегарданд.
Довталабоне, ки хоҳиши иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ва идомаи таҳсил дар Донишгоҳи федералии шимолӣ (арктикӣ)-и ба номи М.В. Ломоносовро доранд, барои дастрас кардани маълумоти иловагӣ метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» муроҷиат намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”