Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тахриби марказҳои хизматрасоние, ки дар таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ сохта шудаанд
Мақомот ба бартараф кардани марказҳои хизматрасоние, ки ғайриқонунӣ дар таҳхонаҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ сохта шудаанд, оғоз кард.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Раёсати назорати давлатии меъморӣ-сохтмонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи корие таъсис таъсис дода, ба бартараф кардани марказҳои хизматрасоние, ки дар таҳхонаҳо ҳастанд, шуруъ кард.
Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар саҳифаи расмиаш навишт, аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар кӯчаи Н. Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ ва Деҳи Болоии ноҳияи Сино марказҳои савдо, қурутобхона, толори саққобозӣ (билярд), ошхона ва якчанд амборхона бартараф карда шуданд.
Манбаъ меафзояд, ки аслан таҳхонаҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ барои таваққуфи воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо сохтани марказҳои хизматрасонӣ боиси тамбашавӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ мегардад.
Дар ин росто, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъкид мекунад, ки шаҳрвандоне, ки таҳхонаҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматиро, ки ғайриқонунӣ ва ғайримақсаднок истифода мебаранд, бартараф намуда, онҳоро ба нақшаи тасдиқшудаи сохтори бино мутобиқ созанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”