Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати кишвар ва ҶДММ «Канзи Диёр» ба тасвиб расид
24-уми июн таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар иҷлосия Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Канзи Диёр» оид ба таъсис додани корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Манбаъ меафзояд, ки масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Фаррух, раиси Комиссияи экологӣ, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амирзода Ориф, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Ниёзӣ Нуралӣ, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдусаломзода Мунаввар ва узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ғоибназарзода Саид шарҳу тавзеҳ доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”