27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
25.06.2026 14:35

Шикасти гуфтугӯҳои Толибон бо Фотеҳ: Мулло Яъқуб ба Бадахшони Афғонистон рафтааст

Расонаҳои Афғонистон дар такя ба манобеъи маҳаллии худ аз Бадахшони ин кишвар мегӯянд, ки дар пайи бенатиҷа мондани гуфтугӯҳои Комиссияи вижаи гурӯҳи террористии Толибон бо Ҷумъахон Фотеҳ, фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, Мулло Яъқуб Муҷоҳид, вазири дифои Толибон ба Бадахшон рафтааст.

Манобеъи маҳаллӣ рӯзи панҷшанбе, ба рӯзномаи “8 –и субҳ”-и Афғонистон гуфтаанд, ки Мулло Яъқуб Муҷоҳид субҳи имрӯз ба Бадахшон сафар карда ва бо беш аз 40 адад мошини низомӣ ба ноҳияи (вулусволии) Ҷурм рафтааст.

Манобеъ гуфтаанд, ки Толибон ҳадафи сафари Мулло Яъқуб Муҷоҳидро ба Бадахшон баррасии вазъияти амниятии марзҳои Вахон, Ишкошим ва Шуғнон гуфтаанд, аммо ӯ эҳтимолан имконот ва зарфиятҳои низомиро барои ҷанг бо Ҷумъахон Фотеҳ баррасӣ мекунад.

Манобеъ гуфтаанд, ки пештар комиссияи вижаи Толибон ба Ҷумъахон Фотеҳ 15 рӯз муҳлат дода буд, то тасмими ниҳоии худро бигирад.

Манобеъ ҳамчунин, гуфтаанд, ки шоми рӯзи гузашта Қорӣ Фасиҳуддин Фитрат, раиси ситоди артиши Толибон, бо чархбол ба ноҳияи Нусай рафта ва ду пешниҳоди фармондеҳии Толибонро дар Бадахшон ба Ҷумъахон Фотеҳ ироа кардааст.

Ба гуфтаи манобеъ, Ҷумъахон Фотеҳ бо радди пешниҳодҳои Фасиҳуддин Фитрат ҳушдор додааст, ки агар барои ҳазфи ӯ лашкаркашӣ шавад, аз худ дифоъ хоҳад кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.