Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп: “Муттаҳидони аврупоӣ дар ҷанг бо Эрон аз Амрико ҳимоят накарданд”
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, гуфтааст, ки муттаҳидони аврупоии Вашингтон дар НАТО дар ҷараёни даргирии охир бо Эрон аз Амрико ҳимоят накардаанд.
Трамп рӯзи чоршанбе, 24-уми июн, дар дидор бо Марк Рютте, дабири кулли НАТО, дар Кохи Сафед гуфтааст, ки ҳарчанд Амрико ба кумаки муттаҳидонаш ниёз надошт, аммо интизор дошт кишварҳои аврупоӣ дастикам омодагии худро барои ҳимоят эълом кунанд.
Ӯ афзудааст: “Мо ноумед шудем. Ба кумаки онҳо ниёз надоштем, аммо хуб мебуд агар мегуфтанд, ки моиланд кумак кунанд”.
Раиси ҷумҳури Амрико таъкид кардааст, ки ҳеч яке аз муттаҳидони аврупоӣ чунин пешниҳоде ироа накарданд.
Изҳороти Трамп дар ҳоле матраҳ мешавад, ки дар моҳҳои охир ихтилофи назарҳое миёни Вашингтон ва бархе кишварҳои аврупоӣ бар сари масоили амниятӣ ва сиёсатҳои марбут ба Ховари Миёна гузориш шудааст.
Ин суханон ҳамчунин, дар остонаи нишасти НАТО матраҳ шудааст, ки қарор аст дар ҳафтаҳои оянда бо ҳузури раҳбарони кишварҳои узви ин эътилоф баргузор шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”