27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
25.06.2026 09:05

Бақоӣ: “Кишварҳои аврупоии ҳамроҳ дар ҳамлаҳо алайҳи Эрон ба ин рафтори худ бояд посух диҳанд”

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон, кишварҳои узви НАТО-ро ба иштирок дар ҳамлаҳо алайҳи Эрон муттаҳам карда ва хостори посухгӯии онҳо шудааст.

Бақоӣ шаби чоршанбе, 24-уми июн дар “Х” навиштааст, ки он чи аз сӯйи мақомоти НАТО матраҳ шудааст, “эътирофи ошкор” ба ҳамдастии ин эътилофи низомӣ дар ҷанги ғайриқонунӣ алайҳи Эрон аст.

Ӯ афзудааст, НАТО ва кишварҳои узви он, ки дар тасмимгириҳо ва иқдомҳои марбут ба ин ҳамлаҳо нақш доштаанд, бояд дар баробари тамоми паёмадҳои он посухгӯ бошанд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон ҳамчунин, муддаӣ шудааст, ки Италия ва Руминия аз сӯйи дабири кулли НАТО ба ҳайси кишварҳои иштироккунанда дар ҳамлаҳо алайҳи Эрон муаррифӣ шудаанд.

Бақоӣ гуфтааст, ки ин кишварҳо ҳамроҳ бо соири давлатҳои аврупоӣ, ки ба гуфтаи ӯ дар ҳамлаҳои Амрико ва Исроил алайҳи Эрон ҳамкорӣ кардаанд, бояд барои шаҳрвандони худ ва афкори умумии ҷаҳон тавзеҳ диҳанд, ки чаро дар ин иқдомҳо иштирок кардаанд.

Ӯ ҳамчунин, ҳамлаҳои ёдшударо омили талафот ва хисорот дар шуморе аз шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла Теҳрон, Исфаҳон, Табрез, Шероз, Бандар Аббос, Ҳамадон, Санандаҷ, Ломард ва Миноб донистааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.