27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
24.06.2026 20:00

Суман Абдуллоева: “Ҳунар забонест, ки одамонро ба ҳам наздик мекунад”

Мо ҷавонони муваффақ ва озодандешу муаррифгари миллат хеле зиёд дорем. Онҳо дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, ватану миллати моро дар ҷаҳон намояндагӣ ва муаррифӣ мекунанд.

Суман Абдуллоева, яке аз онҳост, ки солҳо боз дар Фаронса фарҳанги тоҷикро муаррифӣ мекунад. Ӯ сарсупурдаи ҳунар ва фарҳанг аст ва ба маънои том мубаллиғи арзишҳои миллист.

Ҳамсуҳбати мо 18 сол дошт, ки ба Фаронса рафт ва агарчи роҳи ҳамвореро тай накард, вале барои шиносонидани кишварамон саҳми арзанда гузошт.

Dialog.tj бо Суман Абдуллоев доир ба роҳи тайнамудааш суҳбат кард, ки инак манзури хонандагон мегардад.

ҲАНӮЗ ҲАМ ОДАМОНЕ ҲАСТАНД, КИ...

- Бигӯед, ки ба дунёи зебоиву ҳунару муд чӣ гуна ворид шудед? Оё дар соҳаи муд таҳсил кардаед?

- Ман аз кӯдакӣ ба ҳунар шавқ доштам. Мактаби мусиқии ба номи М. Аминзодаро хатм кардаам. Ҳамчунин, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский машғулиятҳои иловагӣ доштам. Аз рӯйи ихтисос сарояндаи академӣ ва пианинонавоз ҳастам. Ҳанӯз аз хурдӣ санъат, зебоӣ ва фарҳанг қисми муҳими зиндагии ман аст. Ба назари ман, бисёр вақт боистеъдодтарин одамон онҳое ҳастанд, ки бо меҳнати худ ба муваффақият мерасанд. Таҳсилот муҳим аст, аммо истеъдод, меҳнат ва муҳаббат ба ҳунар аз ҳама муҳимтаранд. Бисёр одамон ҳатто бе таҳсилоти махсус дар соҳаи санъат ба натиҷаҳои калон мерасанд.

- Дар фаҳмиши шумо ҳунар ва фарҳанг чӣ маъно доранд?

- Барои ман ҳунар ва фарҳанг роҳи баён кардани фикру эҳсосот аст. Вақте чизе ба инсон писанд меояд ё баръакс ӯро ба андеша мебарад, онро метавон тавассути фарҳанг ба дигарон расонд. Ба назари ман, ҳунар забонест, ки одамонро ба ҳам наздик мекунад ва ба онҳо имкон медиҳад, то ки фикри худро озодона баён кунанд.

- Ҳоло дар соҳаи муд фаъолият мекунед ва муваффақ ҳам ҳастед. Бигӯед, ки барои як духтари тоҷик ворид шудан ба олами муд чӣ душворӣ дорад?

- Ба фикри ман, мушкилии асосӣ баъзе андешаҳои қолабӣ дар ҷомеа мебошанд. Ҳанӯз ҳам одамоне ҳастанд, ки фикр мекунанд духтар бояд танҳо дар хона бошад ва ба корҳои ҷамъиятӣ ё касбӣ камтар машғул шавад. Аммо ман ҳамеша зиндагии фаъол доштам ва мехоҳам дар соҳаи худ рушд кунам. Аз ҳамин сабаб, ба назари ман, барои духтарон баъзан нисбат ба мардон пеш рафтан каме душвортар аст, зеро мардон бештар дастгирӣ меёбанд.

- Худатонро сарсупурдаи ҳунар ва фарҳанг меҳисобед?

- Ростӣ, на ҳамеша. Ба назари ман, агар одамон бештар ба омӯзиши фарҳанг, ҳунар ва маънавият таваҷҷӯҳ мекарданд, ҷомеаи ҳозираи мо боз ҳам босаводтар ва ҷаҳонбинтар мешуд. Ҳунар ва фарҳанг метавонад ба инсон кумак кунад, ки тафаккури васеътар дошта бошад, дигаронро беҳтар дарк кунад ва ба зиндагӣ аз нигоҳҳои гуногун назар кунад. Агар чунин муносибат бештар бошад, ман бовар дорам, ки ҳам мардум ва ҳам кишвар аз он манфиати зиёд мебинад.

МАН ИН РОҲРО МУСТАҚИЛОНА ТАЙ КАРДАМ

- Шумо яке аз мубаллиғони фарҳанги тоҷик дар хориҷи кишвар, махсусан дар Фаронса ҳастед. Бигӯед, ки аз куҷо идеяи ба ин кор даст задан пайдо шуд?

- Ман ҳамеша мехостам, ки фарҳанг, таомҳо, либосҳо ва анъанаҳои кишварамон дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Аврупо ба таври шоиста муаррифӣ шавад. Аз ҳамин сабаб, дар ман ангезаи ҷиддӣ пайдо шуд, ки ба ҷаҳон нишон диҳам, ки мо таърихи бисёр қадима дорем ва соҳиби фарҳанги хеле бой ҳастем. Ман мехоҳам насли ояндаи мо аз фарҳанги худ ифтихор кунад.

- Шумо дар 18-солагиатон ба Фаронса рафтед. Лутфан бигӯед, ки чаро маҳз Фаронсаро интихоб кардед?

- Ростӣ, ман нақшаи кӯчидан ба яке аз кишварҳои Аврупоро доштам. Барои Фаронса ҳуҷҷат супоридам, визаам қабул шуд ва ҳамин тавр зиндагии ман дар Фаронса оғоз ёфт. Ин қарор аз аввал танҳо ба хотири Фаронса набуд, балки мехостам дар Аврупо зиндагию фаъолият намоям ва то қадри имкон фарҳангамонро муаррифӣ кунам.

- Дар Фаронса то худро сохтан ба чӣ корҳо машғул шудед?

- Душвортарин чиз барои ман ин буд, ки бисёр одамон аз меҳрубонӣ ва боварии ман истифода мебурданд. Одатан, мо, тоҷикон одамони нармдил, меҳрубон ва кумакрасону ҳамдард ҳастем. Солҳои аввал калимаи “не”-ро ба забон оварда наметавонистам ва аксар вақт манфиати дигаронро аз манфиати худ боло мегузоштам. Бо гузашти вақт, фаҳмидам, ки бояд ҳудудҳои шахсии худро ҳифз кунам. Дар оғози зиндагӣ дар Фаронса ман ба нигоҳубини кӯдакон машғул будам. Ҳамчунин, дар театр билетфурӯш, пешхизмат ва дар меҳмонхонаҳо кор кардам. Барои расидан ба ҷойе, ки имрӯз ҳастам, роҳи дарозеро тай кардам.

- То имрӯз кадом лоиҳаҳоро ба анҷом расонидед ва аз ҳама лоиҳаи муваффақ ба фикри худатон кадом аст?

- Яке аз дастовардҳои муҳим барои ман нашр кардани маҳсулам дар маҷаллаи Vogue Italia мебошад. Ҳамчунин, соли 2025 бо дӯстам тарроҳи маъруфи тоҷик Хуршед Саторов дар чандин маҷаллаҳои аврупоӣ фарҳанг, либосҳои миллӣ ва мероси тоҷиконро муаррифӣ кардем. Дастоварди дигари муҳим барои ман ин аст, ки дар Фаронса кошонаи ҳусни худро таъсис додам. Ман ин роҳро мустақилона тай кардам ва аз ин хеле ифтихор мекунам.

- Дар Фаронса мудро бештар ҳамчун ҳунар мешиносанд ё тиҷорат?

- Ба назари ман, дар Фаронса санъат пеш аз ҳама фарҳанг аст. Дар тамоми ҷаҳон бисёр ҳунармандон аз ҷиҳати молиявӣ зиндагии осон надоранд. Барои ҳамин ман соли 2019 тиҷорати худро оғоз кардам. Хушбахтона, ҳамин кор ба ман имкон дод, ки дар шаҳри бузурге мисли Париж зиндагии устувор дошта бошам ва ҳамзамон фаъолияти фарҳангии худро идома диҳам.

- Фарқи асосии муносибат ба муд дар Тоҷикистон ва Фаронса дар чист?

- Фикр мекунам, дар Фаронса имконият барои ба сатҳи ҷаҳонӣ баромадан ва шинохта шудан бештар аст. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам баъзе чорчӯбаҳо ва маҳдудиятҳо вуҷуд доранд.

- Дар умум, чаро барои шумо муаррифии фарҳанги тоҷик дар хориҷ муҳим аст?

- Барои ман муҳим аст, ки ҳарчи бештар одамон дар ҷаҳон Тоҷикистонро бишносанд. Тоҷикистон соҳиби таъриху фарҳанги бисёр қадима ва бой аст ва ман мехоҳам ҷаҳон онро беҳтар шиносад.

- Аврупоиҳо вақте бо либос ва нақшу нигори тоҷик ошно мешаванд, чӣ гуна вокуниш мекунанд?

- Бештари онҳо мегӯянд, ки либосҳои миллӣ хеле бошукӯҳ ва шоҳона ба назар мерасанд. Вақте мефаҳманд, ки бисёре аз ин корҳо дастӣ омода мешаванд, ҳайраташон боз ҳам бештар мегардад. Масалан, сузаниҳое, ки дар Тоҷикистон бо нархи нисбатан дастрас фурӯхта мешаванд, дар Фаронса метавонанд чанд ҳазор евро арзиш дошта бошанд. Ин нишон медиҳад, ки ҳунари миллии мо дар хориҷ то чӣ андоза қадр карда мешавад.

- Ҳангоми муаррифии фарҳанги тоҷик бештар бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешавед?

- Мушкили асосӣ набудани дастгирии молиявӣ аст. Бисёр одамон мегӯянд, ки омодаанд кӯмак кунанд, ҳатто баъзеҳо ваъдаи сармоягузорӣ медиҳанд, аммо дар амал чунин дастгирӣ кам ба назар мерасад. Ман ҳатто барои пешбурди фарҳанги тоҷик дар Фаронса фонд таъсис додам, вале асосан худам маблағгузорӣ кардам. То имрӯз тақрибан 30 ҳазор евро аз ҳисоби шахсии худ сарф намудаам, ки барои соҳибкори хурд маблағи хеле калон аст.

- Дар матлабе гуфтед, ки бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатторӣ дар бораи оғози як қатор лоиҳаҳо, аз консерт ва намоиши либосҳо то чорабиниҳои ҳунарӣ дар Фаронса гуфтушунид кардаед. Ин масъала чӣ шуд?

- Бале, мо чандин маротиба бо хонум Матлубахон Сатторӣ суҳбат доштем. Ҳатто дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж низ вохӯрдем. Он кас гуфтанд, ки идеяҳо ҷолиб ва муҳим ҳастанд. Ман ҳамеша омодагии худро барои муаррифӣ ва пешбурди фарҳанги тоҷик дар Аврупо изҳор кардаам ва борҳо пешниҳодҳои мушаххас додаам. Аммо, мутаассифона, ҳамкорӣ аз сатҳи суҳбатҳо пеш нарафт ва то имрӯз ягон лоиҳаи муштарак амалӣ нашудааст.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

 

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.