Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Марко Рубио бо амири Иморот дар бораи тангаи Ҳурмуз ва тавофуқ бо Эрон гуфтугӯ кард
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷаи Амрико бо Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳён, амири Имороти Муттаҳидаи Араб дар бораи вазъияти тангаи Ҳурмуз ва тавофуқ бо Эрон гуфтугӯ кардааст.
Расонаҳои байналмилалӣ рӯзи чоршанбе, 24-уми июн, гузориш додаанд, ки вазири корҳои хориҷаи Амрико уҳдадории Иёлоти Муттаҳидаро нисбат ба амнияти Иморот таҷдид кардааст.
Бар асоси гузориш, Томми Пиготт, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико, гуфтааст, ки Рубио ва амири Иморот дар бораи талошҳо барои таъмини амнияти комил ва убури амни киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз ва ёддошти тафоҳуми Эрону Амрико гуфтугӯ кардаанд.
Кишварҳои арабии соҳили ҷанубии Халиҷи Форс аз муттаҳидони Амрико ва мизбони пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар минтақа мебошанд.
Дар тӯли ҷанги Исроил ва Амрико алайҳи Эрон, ин кишварҳо ҳадафи мушакҳо ва паҳподҳои шилликшуда аз Эрон қарор гирифта буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”