Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Шикасти мунтахаби Узбекистон. Роналду таърихнависӣ кард
Шоми гузашта дар даври гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахабҳои Португалия ва Узбекистон бо ҳам рақобат карданд.
Дар вохӯрии мазкур футболбозони португалӣ 5 голи беҷавоб ба дарвозаи тими миллии Узбекистон ворид карданд, ки ду голашро капитани даста Криштиану Роналду ба самар расонид.
Воқеан ҳам, қаҳрамони асосии бозии мазкур Криштиану Роналду буд. Пеш аз бозӣ ӯро аксар танқид карданд, ки синну солаш ба ҷое расидааст ва набояд дигар дар ҳайати асосии тими миллии Португалия ба майдон барояд, вале ӯ исбот кард, ки ҳоло ҳам тавоно аст.
“Ҳама маро танқид карданд, вале ман баргаштам ва тавре дидед ду гол задам”, - гуфт Криштиану Роналду пас аз бозӣ.
Бояд гуфт, ки Криштиану Роналдуи 41-сола бо задани ду гол ба дарвозаи Узбекистон шумораи голҳояшро дар Ҷоми ҷаҳон ба 10 расонид ва беҳтарин голзани мунтахабаш дар таърихи ин мусобиқа гардид. Инчунин, Криштиану Роналду аввалин футболбозе шуд, ки дар 6 Ҷоми ҷаҳон ба задани гол даст ёфтааст.
Ҳоло дар гурӯҳи “К” тими миллии Колумбия бо 6 имтиёз дар ҷойи якум, Португалия бо 4 имтиёз дар ҷойи дуюм, Конго бо 1 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Узбекистон бидуни имтиёз дар ҷойи чорум қарор доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”