Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Боздошти марде, ки дар вақти мадҳушӣ ноболиғеро рабуд
Мақомоти интизомии пойтахт аз боздошти марде хабар дод, ки ҳангоми мадҳушӣ як ноболиғро рабуда, нисбат ба ӯ ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе навишт, ки Арабов Шоҳин, сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин гумонбар дониста мешавад.
Манбаъ афзуд, ки зимни тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда ба истеъмоли воситаҳои нашъадори навъи «метаамфетамин», ба истилоҳ «кристалл», машғул гардида, ҳангоми мадҳушӣ як ноболиғро рабуда, нисбат ба ӯ ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳоло Арабов Шоҳин дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Нисбат ба ӯ тибқи талаботи моддаҳои 130 (Одамрабоӣ), 142 (Ҳаракатҳои бадахлоқона) ва 201 (Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”