Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Путин: “Украина бахши энергетикии Русияро ҳадаф қарор додааст”
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Украинаро муттаҳам кардааст, ки бо афзоиши ҳамлаҳо ба зерсохторҳои ғайринизомӣ талош дорад ба бахши энергетикӣ ва саноати сайёҳии ин кишвар осеб ворид кунад.
Путин рӯзи сешанбе, 23-уми июн дар нишаст бо аъзои давлати Русия гуфтааст, ки Маскав аз тариқи каналҳои гуногуни иттилоотӣ паёмҳое дарёфт кардааст, ки нишон медиҳанд Киев қасд дорад бо ҳадаф қарор додани зерсохторҳо мушкилоте дар таъмини энергетикӣ эҷод карда, бар мавсими гардишгарии Русия таъсир бигузорад.
Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин, гуфтааст, ки Украина пас аз он ки дар ҷабҳаҳои ҷанг бо ақибнишинӣ ва аз даст додани минтақаҳои таҳти назорати худ рӯбарӯ шудааст, роҳбурди ҳамла ба аҳдофи ғайринизомиро дар пеш гирифтааст.
Ӯ гуфтааст, ки неруҳои Русия ҳамчунон дар ҳоли пешравӣ ҳастанд ва дар чунин шароит Киев талош мекунад аз роҳи ҳамла ба зерсохторҳои ғайринизомӣ ба вазъияти дохилии Русия фишор ворид кунад.
Путин дар идома ба Вазорати дифоъ ва дигар ниҳодҳои амниятӣ дастур додааст, то барои муқобилият бо ин таҳдидҳо иқдом кунанд.
Ӯ ҳамчунин, аз давлати Русия хостааст тадбирҳои бештаре барои коҳиш ва безараргардонии паёмадҳои эҳтимолии ин ҳамлаҳо рӯи даст гирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”