Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Созмони Милали Муттаҳид: оташбас дар ҷануби Лубнон то ҳадди зиёд барқарор аст
Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст, ки оташбас дар ҷануби Лубнон “то ҳадди зиёд побарҷо” мондааст, аммо неруҳои муҳофизи сулҳи ин созмон ҳамчунон фаъолиятҳои заминӣ ва ҳавоии артиши Исроилро дар минтақаҳои марзӣ зери назар доранд.
Стефан Дюжаррик, сухангӯи Созмони Милал, рӯзи сешанбе, 23-уми июн, гуфтааст, ки неруҳои Ҳайати муваққатии Созмони Милал дар Лубнон (ЮНИФИЛ) рӯзи душанбе тирпарронии шадиди артиши Исроилро дар наздикии минтақаи Байёза мушоҳида кардаанд.
Дюжаррик, ҳамчунин, аз мушоҳидаи парвози паҳподҳои исроилӣ бар фарози минтақаҳои амалиётии ЮНИФИЛ хабар дода ва гуфтааст, ки ин паҳподҳо зоҳиран барои назорат бар неруҳои муҳофизи сулҳи Созмони Милал ба кор гирифта шуда буданд.
Созмони Милал аз ҳамаи тарафҳои даргир хостааст, ки ба оташбас пойбанд бимонанд ва дар шароити ҳассоси кунунӣ, ба вижа ҳамзамон бо идомаи музокироти дипломатӣ, аз ҳар гуна иқдоми танишзо худдорӣ кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”