Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазири амнияти миллии режими Исроил: “Амрико дар баробари Эрон бисёр содалавҳ аст”
Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти миллии режими Исроил, бо интиқод аз мавқеи Амрико дар баробари барномаи ҳастаии Эрон гуфтааст, ки Вашингтон агар тасаввур кунад Теҳрон аз барномаи ҳастаии худ даст хоҳад кашид, “бисёр содалавҳ” аст.
Бен-Гвир шаби сешанбе, 23-уми июн, дар мусоҳиба бо “Шабакаи 7”-и Исроил изҳор доштааст, ки Эрон на танҳо аз барномаи ҳастаии худ ақибнишинӣ нахоҳад кард, балки ҳамчунон ба гуфтаи ӯ “дар пайи нобудии Исроил” аст.
Бен-Гвир таъкид кардааст, ки масъулияти муқобила бо ин таҳдид бар уҳдаи Исроил аст ва ин кишвар метавонад дар сурати зарурат “ба танҳоӣ иқдом кунад”.
Ӯ афзудааст, ки Исроил дар ҳеч шароите набояд бар асоси “дастурҳои муттаҳидон, ҳатто дӯстони қудратманд” амал кунад.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки гузоришҳо аз бавуҷуд омадани ихтилофот миёни Вашингтон ва Тел-Авив бар сари ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон ҳикоят доранд: ҳамзамон бо идомаи музокирот миёни Амрико ва Эрон барои дастёбӣ ба тавофуқи сулҳи пойдор.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”