Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ким Чин Ин: “Кореяи Шимолӣ бояд ҳамасола ду киштии ҷангӣ бисозад”
Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ эълом кардааст, ки ин кишвар бояд дар панҷ соли оянда ҳар сол дастикам ду новшикани ҷангиро дар андозаи киштии панҷҳазортоннагии “Чхве Ҳён” (Choe Hyon) тавлид кунад.
Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ - KCNA, рӯзи сешанбе, 23-уми июн, гузориш додааст, ки Ким ин дастурро зимни маросими баобандозии як новшикани нави ҷангӣ дар бандари Нампхо содир кардааст.
Бар асоси гузориш, ин новшикани ҷангӣ таи 14 моҳи гузашта озмоишҳои амалиётиро бо муваффақият паси сар карда ва акнун ҳамчун бахше аз неруи амалиётии баҳрии ин кишвар ба кор гирифта шудааст.
Ким Чин Ин ҳамчунин, аз барномаи сохти новшикани дигари ҷангӣ ба номи “Канг Кон” ва киштиҳои ҷангии 10 ҳазор тоннагӣ хабар додааст.
Ин дар ҳолест, ки нови “Канг Кон” соли гузашта пас аз чаппа шудани ҷузъӣ ҳангоми маросими баобандозӣ таъмир карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”