Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Пизишкиён: “Ҳеҷ музокирае дар мавриди мушакҳои боллистикии Эрон анҷом нахоҳад шуд”
Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, эълом кардааст, ки Теҳрон дар музокироти пешорӯ ҳеч гуна гуфтугӯе дар бораи барномаи мушакҳои боллистикии худ нахоҳад дошт.
“Ал-Ҷазира” рӯзи сешанбе, 23-уми июн, гузориш дода, ки Пизишкиён зимни суханронӣ дар Исломобод гуфтааст, ки ҳеч музокирае дар бораи мушакҳои боллистикии Эрон анҷом нашуда ва дар оянда низ анҷом нахоҳад шуд.
Ӯ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки Эрон бо вуҷуди беэътимодӣ ба Иёлоти Муттаҳида, ҳамчунон барои гуфтугӯ ва сулҳ омодагӣ дорад.
Пизишкиён гуфтааст, ки Теҳрон ба далели ҳамлаҳои Амрико дар ҷараёни музокирот ба Вашингтон эътимод надорад, аммо ҳамзамон роҳи гуфтугӯро боз нигоҳ доштааст.
Раиси ҷумҳури Эрон аз нақши Покистон дар раванди музокирот қадрдонӣ карда ва гуфтааст, ки ин кишвар талошҳои зиёде барои пешбурди гуфтугӯҳо анҷом додааст.
Пизишкиён ҳамчунин, бар аҳамияти сулҳ, амният ва ҳамкории минтақавӣ таъкид карда ва гуфтааст, ки пешрафти минтақаи Ғарби Осиё ба ҳамкории миёни кишварҳои минтақа вобастагӣ дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”