Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup» иштирок мекунад
Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 тими миллии Тоҷикистон дар 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup», ки аз 9-ум то 17-уми ноябр дар Тайланд баргузор мешавад, иштирок мекунад.
Иттилоъ дода мешавад, ки барои ба даст овардани ҷоми мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup» чор даста Тоҷикистон, Тайланд, Уммон ва Баҳрайн рақобат мекунанд.
Гуфта мешавад, ки тибқи низомномаи мусобиқа, пас аз қуръакашӣ дастаҳо ба ду ҷуфти даври ниманиҳоӣ тақсим мешаванд. Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал бо ҳам рақобат намуда, мағлубшудагон бошанд, барои ҷойи сеюм ба майдон мебароянд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Чиангмай қаҳрамони мусобиқаи «King’s Cup» гардида буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”