27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
23.06.2026 09:48

Ким Чин Ин: “Кореяи Шимолӣ ҷойгоҳи худро ба ҳайси қудрати ҳастаӣ ҳифз хоҳад кард”

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ гуфтааст, ки ин кишвар барои муқобилият бо вазъияти печида ва ғайриқобили пешбинии амнияти ҷаҳонӣ, ҷойгоҳи худро ба ҳайси як қудрати ҳастаӣ ҳифз ва тақвият хоҳад кард.

Хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ (KCNA) рӯзи сешанбе, 23-уми июн, гузориш додааст, ки Ким ин изҳоротро дар нишасти Кумитаи марказии Ҳизби коргарони ҳоким матраҳ кардааст.

Ӯ Амрикоро ба ташдиди даргириҳо дар Аврупо ва Ховари Миёна муттаҳам карда ва гуфтааст, ки рақобати қудратҳои бузург сабаби афзоиши танишҳо дар ҷаҳон шудааст.

Раҳбари Кореяи Шимолӣ ҳамчунин, Амрико ва Кореяи Ҷанубиро муттаҳам кардааст, ки бо густариши ҳамкориҳои муштараки ҳастаӣ, вазъияти амниятӣ дар нимҷазираи Кореяро хатарноктар сохтаанд.

Ким таъкид кардааст, ки густариши тавоноиҳои ҳастаӣ ва тақвияти ҷойгоҳи ин кишвар ба ҳайси як давлати дорои силоҳи ҳастаӣ, беҳтарин роҳ барои муқобила бо таҳаввулоти низомӣ ва сиёсии ҷаҳон аст.

Ӯ ҳамчунин, дастури тавсеаи бештари аслиҳа ва суръат бахшидан ба сохтмони як нови стратегии муҷаҳҳаз ба мушакҳои ҳидоятшавандаро содир кардааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ин изҳорот нишон медиҳад, ки Пхенян ҳамчунон халъи силоҳи ҳастаиро рад мекунад ва дар пайи таҳкими ҷойгоҳи худ ба ҳайси як қудрати ҳастаӣ аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.