Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Умон бар убури бепул дар тангаи Ҳурмуз таъкид кард
Бадр ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷаи Умон гуфтааст, ки ин кишвар дар гуфтугӯ бо мақомҳои аршади Эрон бар уҳдадории худ барои кафолати убури амн ва бидуни харҷ аз тангаи Ҳурмуз таъкид кардааст.
Вазири корҳои хориҷаи Умон шаби душанбе, 22-уми июн дар “Икс” навиштааст, ки дар ин гуфтугӯҳо “баҳсҳои созанда дар бораи ёддошти тафоҳуми ахири Эрон ва Амрико, ба вижа банди марбут ба тангаи Ҳурмуз” сурат гирифтааст.
Ӯ афзудааст, ки тарафайн бар риояи ҳуқуқи байналмилал ва кафолати убури озод ва амни киштиҳо дар ин оброҳи муҳим таъкид кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон ва Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси порлумони ин кишвар, барои гуфтугӯ дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ба Умон сафар карда буданд.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки пештар гузоришҳое дар бораи эҳтимоли дарёфти маблағи убур аз тангаи Ҳурмуз аз сӯйи бархе тарафҳо нашр шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”