Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон ба кормандони ниҳодҳои башардӯстона дар Ҳирот як моҳ муҳлат доданд, то риш бигзоранд
Масъулони Раёсати умури муҳоҷирони гурӯҳи террористии Толибон дар маркази пазириши Исломқалъаи Ҳирот ба кормандони созмонҳои башардӯстона як моҳ муҳлат додаанд, то ҳамаи кормандони мард ва маҳрамҳои ҳамроҳи кормандони зан, риши худро мутобиқи меъёрҳои мавриди назари Толибон ба тартиб дароранд.
Хабаргузории “8-и субҳ”-и Афғонистон дар такя ба маълумоти бадастрасидааш навиштааст, ки ин тасмим пас аз афзоиши боздошти кормандони ниҳодҳои башардӯстона аз сӯйи намояндагони амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон ба далели тарошидан ё кӯтоҳ кардани риш гирифта шудааст.
Ин мавзуъ дар нишасте миёни масъулони марзии Раёсати умури муҳоҷирони Толибон дар маркази пазириши Исломқалъа ва намояндагони ниҳодҳои башардӯстона матраҳ шудааст.
Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, мақомҳои гурӯҳи террористии Толибон эълом кардаанд, ки пас аз поёни муҳлати якмоҳа, кормандоне, ки шароити таъйиншударо риоят накарда бошанд, мумкин аст аз вуруд ба маркази пазириш маҳрум шаванд.
Манобеъ ҳамчунин, гуфтаанд, ки мақомҳои Толибон далели ин тасмимро афзоиши танишҳо ва боздоштҳои такрории кормандони ниҳодҳои кумакрасон аз сӯйи намояндагони амр ба маъруф унвон кардаанд.
Пеш аз ин низ расонаҳои Афғонистон гузориш дода буданд, ки дар як ҳафтаи гузашта дастикам 18 тан аз кормандони ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дар ин вилоят ба “гуноҳи” тарошидани риш ё кӯтоҳ будани риш боздошт шудаанд.
Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешавад, ки пас аз дастури боздошти занон ва духтарон ба далели напӯшидани чодарӣ дар Ҳироти Афғонистон, фишорҳо бар мардон низ башиддат афзоиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”