Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Шаҳбоз Шариф: “Музокироти Эрон ва Амрико дар Швейтсария пешрафтҳои умедбахш дошт”
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, эълом кардааст, ки музокироти сулҳ миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон дар Швейтсария дар фазои “мусбат ва созанда” баргузор шуда ва пешрафтҳои умедбахше дар ин раванд ба даст омадааст.
Шаҳбоз Шариф рӯзи душанбе, 22-уми июн, бо нашри хабарномае гуфт, ки нахустин нишасти кумитаи олирутба дар чорчӯби Ёддошти тафоҳуми Исломобод дар Швейтсария бо муваффақият поён ёфтааст.
Ӯ афзудааст, ки дар ин нишаст тарафҳо рӯи як нақшаи роҳ барои расидан ба тавофуқи ниҳоӣ дар муддати 60 рӯз мувофиқа кардаанд.
Нахуствазири Покистон афзудааст, ки як кумитаи олирутба барои назорати сиёсӣ бар раванди музокирот эҷод шуда ва гуфтугӯҳои фаннии бештар низ оғоз хоҳад шуд.
Шаҳбоз Шариф аз уҳдадории Иёлоти Муттаҳида ва Эрон ба идомаи гуфтугӯҳо истиқбол карда ва аз Қатар ва Швейтсария ба хотири нақшашон дар ҳимоят ва тасҳили ин музокирот қадрдонӣ кардааст.
Ӯ таъкид кардааст, ки Покистон ба ҳимоят аз гуфтугӯ ва дипломатия барои дастёбӣ ба як роҳи ҳалли сулҳомез ва пойдор идома хоҳад дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”