Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Бо муш фол медид. Боздошту ҷаримаи фолбине дар Душанбе
Мақомоти интизомии пойтахт занеро дастгир кард, ки бо муш фол дида, бо ин роҳ маблағ ба даст меовард.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар саҳифаи расмии худ навишт, ки шаҳрванд Тоирова Пирӯза аз ҷониби кормандони самти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ зимни машғул шудан ба фолбинӣ дастгир гардид.
Манбаъ меафзояд, ки зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда бо истифода аз риштаҳои ранга, сӯзан ва ҳайвонот, аз ҷумла муш, амалҳои фолбинӣ ва соҳириро анҷом дода, ба ивази ин аз шаҳрвандон маблағҳои гуногуни пулӣ талаб мекард.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Тоирова Пирӯза тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6240 сомонӣ таъин карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”