Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қатар ва Покистон: Равише барои идомаи музокироти фаннӣ байни Эрон ва Амрико эҷод шудааст
Қатар ва Покистон дар баёнияе муштарак аз пешрафтҳои “дилгармкунанда” дар музокироти рӯзи гузаштаи Эрон ва Амрико дар Швейтсария хабар дода ва гуфтаанд, ки механизме барои идомаи гуфтугӯҳои фаннӣ миёни ду тараф эҷод шудааст.
Вазорати корҳои хориҷаи Покистон рӯзи душанбе, 22 –уми июн, бо нашри ин баёнияи муштарак дар саҳифаи “Икс” гуфтааст, ки як хатти иртиботӣ миёни тарафҳо эҷод шудааст, то аз ба вуҷуд омадани ҳаводис ва сӯитафоҳумҳо ҷилавгирӣ шавад ва убури амни киштиҳои тиҷоратӣ аз тангаи Ҳурмуз кафолат дода шавад.
Бар асоси баёния, гуфтугӯҳои фаннӣ дар бораи ҳамаи мавзуъҳо то поёни ҳафтаи ҷорӣ дар иқоматгоҳи Бюргеншток идома хоҳад ёфт.
Дар ин баёния ҳамчунин, гуфта шудааст, ки бар сари нақшаи роҳе барои дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ дар зарфи 60 рӯз мувофиқа шудааст.
Пештар, Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон, низ аз “пешрафти умда” дар музокироти Эрон ва Амрико дар Швейтсария хабар дода буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”