Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ричард Беннетт: “Дидор бо Толибон дар Брюссел таҳқири занони афғон аст”
Ричард Беннетт, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид барои Афғонистон, гуфтааст, ки мулоқот бо гурӯҳи террористии Толибон дар Брюссел таҳқири афғонҳо, ба вижа занон аст.
Ричард Беннетт рӯзи 22-уми июн дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навиштааст, ки эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва қонунҳои паноҳандагӣ зарурӣ аст.
Ричард Беннетт гуфт, ки аз изҳороти Волкер Тюрк, Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи башар, пуштибонӣ мекунад, ки дар он аз қоидаҳои нави Иттиҳоди Аврупо, ки ихроҷи фаврии муҳоҷиронро иҷозат медиҳанд, изҳори таассуф карда шудааст.
Беннетт таъкид кардааст, ки паноҳҷӯёни Афғонистон набояд ба вазъияти ноамн бозгардонда шаванд.
Бо ин ҳол, дар ҳафтаҳои охир гузоришҳои даъвати ҳайате аз Толибон аз сӯйи Иттиҳоди Аврупо барои гуфтугӯ дар бораи ихроҷи паноҳҷӯёни афғон нашр шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”