27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
22.06.2026 15:04

Рӯзномаи покистонӣ: Амрико барои ҳифзи тавофуқи Теҳрон бояд муқобили Исроил биистад

Рӯзномаи покистонии “Даун” бо сарзаниши иқдомҳои ҷангталабонаи Исроил дар минтақа, ба вижа алайҳи Лубнон, нисбат ба дасисаҳои Тел-Авив перомуни ёддошти тафоҳуми Исломобод ҳушдор дод ва навишт: “Амрико ва Аврупо агар ба дунболи ҳифзи тавофуқи ҳосилшуда бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд, бояд бо Исроил қотеъона бархӯрд кунанд”.

Рӯзномаи англисизабони “Даун” сармақолаи худро ба таҳаввулоти ҷории минтақа, ба вижа ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон дар сояи музокироти пешбурди таъмини ёддошти тафоҳуми Исломобод ихтисос дод ва навишт: “Исроил танҳо омили харобкорие аст, ки дар садади зарба задан ба талошҳои сулҳ мебошад”.

Дар ин сармақола омадааст: “Ҷиноятҳои Исроил алайҳи ғайринизомиён дар Лубнон васфнопазир аст. Ҳазорон нафар аз мардуми бегуноҳ ҷони худро аз даст додаанд ва Нетанёҳу дар садади густаришталабии бештар дар марзҳои Лубнон аст”.

Рӯзномаи англисизабони “Даун” навишт: “Ҷомеаи байналмилалӣ, хусусан Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо, бояд бо дӯстони худ дар Тел-Авив қотеъ бошанд ва ба онҳо бигӯянд, ки рафтори бесуботкунандаи онҳо бояд поён ёбад.

Ин нашрияи покистонӣ таъкид кард: “Дар гузашта собит шудааст, ки бузургтарин таҳдид барои сулҳи Ховари Миёна Эрон нест, балки Исроил аст, ки ба кишварҳои мустақил аз паси ҳамдигар ҳамла кардааст ва дар канори он наслкушии Ғаззаро анҷом додааст. Бояд пеш аз он, ки шанси ба душворӣ бадастомада барои сулҳро аз байн бибарад, пеши роҳи он гирифта шавад.

Дар ин сармақола афзуда шуд: “Дар ҳоле, ки тақрибан ҳамаи давлатҳои Амрико дар гузашта ва ҳамчунин, кишварҳои аврупоӣ барои хушнудии Исроил иқдом кардаанд ва рафтори ваҳшиёнаи онро нодида гирифтаанд, ин бор ба назар мерасад лаҳни Вашингтон тундтар шудааст. Барои мисол, Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, бо ишора ба норизоятии Тел-Авив аз тавофуқи Эрон, ба Исроил гуфтааст, ки “аз хоб бедор шавад ва воқеияти авзоъро дарк кунад”.

Ин рӯзнома хитоб ба Кохи Сафед навишт: “Аммо суханони тунд кофӣ нахоҳад буд. Агар Иёлоти Муттаҳида мехоҳад Исроил рафтори нодурусти худро тағйир диҳад, пас бояд буҷа ва силоҳҳое, ки мошини ҷангии саҳюнистӣ барои идомаи кор ба он ниёз дорад, масдуд кунад. Исроил тақрибан ҳеч дӯсте дар ҷаҳон надорад ва агар Амрико оғоз ба изҳори вуҷуд кунад, Тел-Авив бояд ба суханони он гӯш диҳад”.

Рӯзномаи англисизабони “Даун” таъкид кард: “Тафоҳумномаи Исломобод муайян аст: оташбас бояд дар ҳамаи ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнон, иҷро шавад. Дар ғайри ин сурат ё Исроил бояд тӯфангҳои худро хомӯш карда ва аз тамоми Лубнон ақибнишинӣ кунад ё ин, ки то замоне, ки рафтори худро ислоҳ накунад, танҳо монада ва бо таҳрим аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ рӯбарӯ шавад”.

Ба гузориши расонаҳои Эрон вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди душанбе дар шабакаи “Икс” натиҷаҳои музокироти Швейтсария бо миёнҷигарии Покистон ва Қатарро шарҳ дод.

Сайид Аббос Ироқчӣ дар шабакаи иҷтимоии “Икс” навишт: “Ин миёнҷигарии хастагинопазири Покистон ва Қатар боиси пешрафтҳои бузург барои поён додан ба ҷанг дар Лубнон шуд. Ҳамчунин, таҳрими содироти нафт ва петрохимия боздошта шуд, муҳосираи дарёӣ бардошта шуд, бархе аз дороиҳои масдудшуда озод шуданд ва тарҳи бузурги бозсозӣ ва рушди иқтисодии Эрон ба иҷро даромад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.