Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп аз нахуствазири Италия барои ҳамроҳӣ накардан бо Барномаи ҳастаии Эрон интиқод кард
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, аз Ҷорҷия Мелонӣ, нахуствазири Италия, ба далели ҳамроҳӣ накардан бо Вашингтон ва Тел-Авив дар баробари он чи ӯ “таҳдиди ҳастаии Эрон” хондааст, интиқод кардааст.
Трамп рӯзи якшанбе, 21-уми июн, дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, ки Италия пас аз “харҷи триллионҳо доллар барои НАТО” ҳатто ба мушорикат дар иқдомҳо алайҳи Эрон фикр ҳам намекунад.
Ӯ афзудааст: “Барои даҳсолаҳо мо аз онҳо дифоъ кардаем, аммо вақте навбати дифоъ аз мо мерасад, онҳо ҳузур надоранд”.
Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин, гуфтааст, ки аъзои НАТО дар сурати ҳамла ба як узв, бар асоси моддаи панҷи паймони ин эътилоф муваззаф ба вокуниш ҳастанд.
Бар асоси гузоришҳо, равобити Трамп ва нахуствазири Италия дар рӯзҳои охир бо таниш рӯбарӯ шуда ва ӯ дар изҳороти ҷудогона гуфтааст, ки танҳо аз рӯйи тараҳҳум бо Мелонӣ дар нишасти Гурӯҳи ҳафт акс гирифтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”