Конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Борбади Марвазӣ баргузор мешавад
Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад
Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Ҳиндустон рушди ҳамкориҳоро миёни ду давлат баррасӣ карданд
Дар Тоҷикистон аввалин бор Фестивали "Ҷаҳони сирк дилҳоро муттаҳид мекунад!" доир мешавад
Сирки давлатии Тоҷикистон ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сирки "Ҷаҳони сирк дилҳоро муттаҳид мекунад!"-ро эълон мекунад.
Фестивали мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Фестивали якуми байналмилалии санъати сирки "Ҷаҳони сирк дилҳоро муттаҳид мекунад!" аз 17-ум то 20-уми сентябри соли равон дар Сирки давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Манбаъ меафзояд, ки ин чорабинии таърихӣ саҳифаи аввал дар солномаи сирки тоҷик хоҳад буд, ки рассомони боистеъдодро аз саросари ҷаҳон муттаҳид мекунад.
“Фестивал барои таблиғи санъати сирк, мусоидат ба мубодилаи таҷриба байни мутахассисон ва тақвияти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ равона шудааст”, - афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад