Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» баргузор мегардад
Бо ташаббуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» баргузор мешавад.
Тавре ки АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, ҷалби аҳолӣ ба китобхона, ташаккули фарҳанги мутолиаи китоб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллию фарҳангӣ доир мегардад.
“Дар озмун аъзои фаъоли Китобхонаи миллии Тоҷикистон, хонадагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ, магистранҳо, аспирантҳо, докторантҳо, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолӣ иштирок карда метавонанд”, - навиштааст манбаъ.
Афзуда мешавад, ки иштирокчиён ба ду гурӯҳ хонандагони то 18-сола ва хонандагони аз 18-сола боло тақсим карда мешаванд.
Иттилоъ дода мешавад, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок ба озмуни мазкур аз 10-ум то 25-уми июл муайян гардидааст. Ғолибони озмун то 14-уми август муайян шуда, 4-уми сенябр дар Рӯзи китоб қадрдонӣ мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”