Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Ховалинг осоишгоҳ барои ятимону маъюбон ба истифода дода шуд
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шехмизои ноҳияи Ховалинг осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, бинои осоишгоҳ аз 20 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои муҷаҳҳаз барои омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ, дуредгарӣ ва расмкашӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ҳуҷраи тиббӣ, ҳаммом ва анбор барои нигоҳдории маҳсулот иборат мебошад.
Манбаъ меафзояд, ки дар ҳавлии осоишгоҳ ду ҳавзи оббозӣ, майдончаҳои футболу волейбол ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд гардидааст, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат, омӯзиш ва фароғати ятимону маъюбон мусоидат менамояд. Инчунин, дар масоҳати 40 садяк замин гармхона ташкил шудааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муҳайёгардида дар ин муассисаи иҷтимоӣ шинос шуда, ба иқдоми соҳибкорони ҳимматбаланди маҳаллӣ ва сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Дар осоишгоҳ барои ятимону маъюбон 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”