27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
20.06.2026 17:39

Лаҳистон нишон “Уқоби сафед”-ро аз раисҷумҳури Украина бозпас мегирад

Карол Навротский, раиси ҷумҳури Лаҳистон гуфтааст, ки нишони “Уқоби сафед”, олӣ ва қадимитарин нишони давлатии Лаҳистонро аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, бозпас мегирад.

Раиси ҷумҳури Лаҳистон рӯзи ҷумъа, 19-уми июн, дар баёнияе гуфтааст, ки номгузории яке аз воҳидҳои низомии Украина ба ёди “ҷинояткорони UPA” аҳамияти фаротар аз умури дохилии Украина дорад.

Раиси ҷумҳури Лаҳистон гуфтааст, ки ин тасмимро дар вокуниш ба номгузории яке аз воҳидҳои низомии Украина ба номи “Артиши шӯришии Украина” (UPA) гирифтааст.

Ин ном ба як воҳиди низомии украинӣ дар давраи Ҷанги ҷаҳонии дувум бармегардад, ки масъули куштори ҳазорон ғайринизомии лаҳистонӣ дониста мешавад.

Раиси ҷумҳури Лаҳистон ин иқдоми Украинаро мухолифи арзишҳои Лаҳистон ва Аврупо хондааст.

Нишони “Уқоби сафед” соли 2023 аз сӯйи давлати Лаҳистон ба раиси ҷумҳури Украина дода шуда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.