Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ду таркиш дар Покистон ҳафт кушта ва се захмӣ бар ҷой гузошт
Дар ду таркиши пайдарпай дар минтақаи Баннуи иёлати Хайбар Пахтунхваи Покистон ҳафт тан ҷон бохта ва се тани дигар захмӣ шудаанд.
Расонаи “Дон” рӯзи шанбе, 20-уми июн, гузориш додааст, ки дар инфиҷори нахуст панҷ тан ва дар инфиҷори дувум низ ду тан ҷон бохтаанд.
Бар асоси гузориш, пулиси Покистон гуфтааст, ки ду воситаи нақлиёт аз роҳи дур ҳадафи инфиҷорҳо қарор гирифтааст.
Пулис афзудааст, ки минтақаро муҳосира карда ва ҷустуҷӯро ба далели эҳтимоли мавҷудияти маводи инфиҷории дигар оғоз кардааст.
Бо ин ҳол, мушаххас нашудааст, ки қурбониёни ин таркишҳо низомиён будаанд ё афроди ғайринизомӣ.
То кунун ҳеч гурӯҳе масъулияти ин таркишҳоро бар уҳда нагирифтааст, аммо давлати Покистон ҳамвора гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон”-ро масъули чунин рӯйдодҳо медонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”