Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Пешвои миллат коргоҳи Асри Ваҳдатро, ки беш аз даҳ номгӯи маҳсулот истеҳсол мекунад, ифтитоҳ намуданд
20-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд.
Тавре ки маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар ин коргоҳи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, йогурт, кефири мевагӣ, дуғ, дуғоб, маска ва дигар навъҳои маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст.
"Коргоҳи нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Ховалинг дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷумъахон Қосимов бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар бунёд гардидааст. Дар коргоҳ барои коркард ва захираи маҳсулот дегҳои аз 1 то 10-тоннагӣ мавҷуд мебошанд", - навиштааст хадамоти матбуоти Президенти мамлакат.
Гуфта мешавад, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи нави саноатӣ 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ дар як моҳ 30 тонна ва дар як сол то 360 тонна маҳсулоти ширии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифатро ташкил медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”