Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Сел дар Панҷакент ба 29 хона ва иншооти ёрирасон зарар расонд
Ҳукумати шаҳри Панҷакент хабар дод, ки бар асари боришоти пуршидат ва сарзадани сел ба 29 хона ва иншооти ёрирасон лою қум ворид шуда, ба роҳ, хатти барқ, оби полезӣ ва нӯшоки зарари ҷиддӣ расидааст.
Манбаъ навиштааст, ки пас аз нисфирӯзии 19-уми июн ба асари борони пуршиддат сел омада, ба деҳаи Роҷи деҳоти Амондара шаҳри Панҷакент хисорот ҷиддӣ расидааст.
Гуфта мешавад, ки раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакент ва сокинони деҳаи мазкур барои бартараф кардани оқибати офати табиӣ дастаҷамъона фаъолият карда истодаанд.
Ҳамчунин, гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо роҳбарии муовини аввали раиси вилоят Суҳайлӣ Қурбонзода ҳамроҳи раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода аз ҷои ҳодиса дидан намуда, бо сокинон суҳбат намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад