Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Зеленский Лукашенкоро таҳдид кард
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина бо лаҳни таҳдид аз Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус хостааст, ки таҷҳизоти мавриди истифодаи Русия “дар ҳамлаҳо алайҳи Украина” дар муҳлати як ҳафта аз хоки ин кишвар барчида шавад.
Зеленский рӯзи ҷумъа, 19-уми июн, дар як нишасти хабарӣ дар Киев гуфтааст, ки неруҳои Русия аз истгоҳҳои тақвиятдиҳандаи сигнал, ки дар минтақаҳои марзии Беларус ҷойгир шудаанд, барои раҳнамоии ҳамлаҳо алайҳи Украина истифода мекунанд.
Ӯ афзудааст, ки агар Лукашенко намехоҳад дар ҷанг дохил бошад, бояд ин таҷҳизотро ҷамъоварӣ ё ғайрифаъол кунад.
Раиси ҷумҳури Украина ҳушдор додааст, ки дар сурати анҷом нашудани ин иқдом, худи Украина вориди амал хоҳад шуд, аммо дар бораи ҷузъиёти он тавзеҳе надодааст.
Зеленский, ҳамчунин, гуфтааст, ки Беларус ба яке аз таъминкунандагони асосии ниёзҳои артиши Русия, ба вижа дар бахши маҳсулоти нафтӣ, табдил ёфтааст ва Лукашенко тавоноии боздоштани ин равандро дорад.
Дар ҳамин ҳол, Светлана Тихановская, раҳбари мухолифони Беларус, аз мавзеъгирии Зеленский ҳимоят карда ва гуфтааст, ки агар Лукашенко воқеан хостори сулҳ аст, бояд ҳимоят аз ҷанги Русия ва нақши Беларус дар ин ҷангро поён диҳад.
Ин дар ҳолест, ки Беларус аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина дар соли 2022 яке аз наздиктарин муттаҳидони Маскав буда ва борҳо ба ҳимоят аз амалиёти низомии Русия муттаҳам шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”