Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Трамп: “Дар соли ҷорӣ ба Туркия ва Чин сафар мекунам”
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, гуфтааст, ки дар соли ҷорӣ ба Туркия сафар хоҳад кард ва баъдан бори дигар ба Чин низ хоҳад рафт.
Трамп рӯзи ҷумъа, 19-уми июн, дар пойгоҳи муштараки Эндрюс дар иёлати Мэриленд ин изҳоротро баён карда, гуфтааст, ки барномаи сафарҳои хориҷии ӯ дар соли ҷорӣ густариш ёфтааст.
Ӯ гуфтааст: “Мо сафарҳои зиёде анҷом медиҳем. Ба Туркия хоҳем рафт ва дар марҳалае аз сол дубора ба Чин бармегардем”.
Ин изҳорот зимни маросими рӯнамоии як фарванд тайёраи “Боинг 747” матраҳ шудааст, ки аз ҷониби Қатар ба Иёлоти Муттаҳида ҳадя гардида ва ба ҳайати ҳавопаймоҳои “Эйр Форс Уан” илова мешавад.
Трамп ҳамчунин, гуфтааст, ки Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, дар моҳи сентябр ба Амрико сафар хоҳад кард ва пас аз он худи ӯ низ барои ширкат дар як нишасти бузург ба Чин сафар хоҳад намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад