Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Далер Ҷумъа: “Тоҷикистон сиёсати рушди энергетикаи «сабз»-ро пайгирона амалӣ менамояд”
Имрӯз, 19-уми июн вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Вохӯрии 6-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок ва суханронӣ намуд.
“Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, сиёсати рушди энергетикаи «сабз»-ро пайгирона амалӣ менамояд. Дар ин самт сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» (3780 МВт) ҳамчун лоиҳаи калидӣ мавқеи марказӣ дорад. То имрӯз ду агрегати ба истифода додашудаи неругоҳ беш аз 10 миллиард кВт·соат неруи барқ истеҳсол намудаанд ва ба истифода додани агрегати сеюм дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст”, – иброз дошт Далер Ҷумъа.
Тавре маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ба аҳамияти ҳамгироии минтақавии энергетикӣ тавассути пайвасти пурраи Тоҷикистон ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва бунёд гардидани неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 500 МВт ишора карда шуд.
Ҳамчунин, Далер Ҷумъа зимни суханронӣ ба лоиҳаи «CASA-1000» таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кард, ки он имкон медиҳад то 1300 МВт неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути қаламрави Афғонистон ба Покистон содир карда шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”